ВОКУНИШ
ТТЭ ҲНИТ- САБАГОРИ НООРОМИҲО ВА АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР КИШВАР
- Подробности
- Опубликовано 03.08.2018 16:48
Солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифгани кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷузъи муҳими низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтанд, ба касе пӯшида нест.
Аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ минтақа дорои захираҳои бойи табиӣ, мисли нафт, газ, об ва ғайра буда, метавон аз имконоти роҳҳои байналмилалӣ, ки давлатҳо ва бандарҳоро ба ҳам мепайванданд, ба таври васеъ истифода бурд.
Давлатҳои абадқудрат дар ҳама давру замонҳо, ки сабабгори нооромиҳо ва ҷангҳои 1-ум ва 2-юми ҷаҳон буданд, барои ба даст овардани мавқеи худ дар ҳар як минтақа тамоми кӯшишу ғайрати худро бо роҳҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ равона мекунанд.
Яке аз омилҳои ноором сохтани вазъият дар ҷаҳон ин таъсиси ташкилоту гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, аз қабили Ал-қоида, Ҳизб-ут-таҳрир, Ҳизби исломии Туркистон, Ҷундуллоҳ, Ҷамоати Ансоруллоҳ, ДИИШ ва дигар ҳаракатҳои тундгароӣ, ки бо ҷаҳлу куштор, хунрезӣ ва парокандагию иғвоандозӣ машҳур мебошанд, маълум аст, ки ҳадафи хоҷагони худро бо ҳар роҳу восита амалӣ менамоянд. Ҳодисаи санаи 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара мисоли равшан мебошад, ки аз тарафи Ҳизби террористии наҳзат ва хоҷагонаш амалӣ карда шуд. Ташкилоти террористию эктремистии ҲНИТ дар давлатҳои Аврупо боқимондаи аъзоёни пасипардагии худро ҷамъ оварда бо маблағи ҳароми хоҷагони худ аз сатҳи пасти маърифат ва вазъи иқтисодии ҷавонон истифода мебаранд. Ҳангоми иҷро кардани амали ноҷавонмардона мехоҳанд сохти конститутсионӣ ва оромии мардум ва нуфузи давлатро дар назди ҷомеаи ҷаҳон паст намояд.
Ба ин мақсад ҷавононеро, ки аз зиндагӣ ҳеҷ чизро надида бехабар аз хилаю найрангҳои роҳбарони Ҳизби террористию экстремистии наҳзат бехабар истифода бурданд. Баъди дидани наворҳои видеоӣ ва дастгир шудани ҷинояткорон пеш аз он мардум ин кори дасти кӣ будани амалро тахмин карда буданд, ки рост баромад, ҷавонони ноҳия ин амали ноҷавонмардона ва беномусонаи Ҳизби террористию экстремистии наҳзатро маҳкум намуданд. Ин ҳодиса бори дигар кӣ ва ба чӣ қодир будани аъзоёни ТТЭ ҲНИТ-ро нишон дод, ки барои пули ҳаром разилтарин амалҳоро ичро мекунанд.
Далели дагари исботи ин гуфтаҳо дар он мебошад, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баъди чанд соате, ки амали терористӣ анҷом дода шуд, намояндагони ТТЭ ҲНИТ Хосият Ёрова ва Файзиниссо Воҳидова дар саҳифаҳои худ ба таври васеъ муроҷиатномаеро аз номи ТТЭ ҲНИТ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ки хоинони миллати тоҷик ин ташкилотҳоро дар хориҷи кишвар ташкил намудаанд, ба тамоми созмонҳо ва давлатҳои ҷаҳон паҳн намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳам намуда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Магар ин нафарон барои пахн кардани ин ҳодисае, ки анҷом додаанд тайёрӣ надидаанд! Албатта ин хоинон нақшаҳои зиёд доранд ва мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода нагузорем, ки ин оромии мо, ки бо хуни ҳазорон ҷавонмардон ба даст омадаст, осеб бинад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва маҳбуби мо, ҷавонон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумб» эълон кард, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки шумораи сайёҳон ба ноҳияи Файзобод 10 маротиба зиёд гаштааст, ки ноҳияи моро мегузаранд ва аз табиату маданият ва дастовардҳои мардум дидан намуда, дигар дӯстону ҳамватанони худро барои тамошо даъват менамоянд, ки ҳангоми харидории туҳфаҳои армуғонӣ ва маводи хӯрока ба буҷаи ноҳия даромад меорад.
Ҷавонони ноҳияи Файзобод аз кору фаъолияти Ҳизби террористию экстремистии наҳзат ва амалҳои содиркардаи онҳо норозӣ буда, ин ҳадафу мақсадҳо ва амалҳои террористиро маҳкум менамоянд. Дар баробари ин ҳодисаро маҳкум намудан моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ҷавонон худро пайравони асили Пешвои миллат дониста тамоми сиёсати созандаю бунёдкорона ва ҷавонпарваронаи Президенти маҳбуби худро дастгирӣ намуда, баҳри пойдории сохти конститутсионӣ ва оромии ҷомеа тамоми кӯшишу ғайрати худро равона менамоянд.
Ҷунайдулло Каримов,
Мудири бахши ҷавонон ва варзиши
МИҲДН-и Файзобод