Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҶОНИ ТУ ҶОНИ КАСЕ ҶОН НАБУДААСТ?!

 

БОЗ ЯК ИҒВОИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИТ ХТТТТттттТТОНА

 Шабакаи Паём.нет боз як иғвои навбатиро  алайҳи  миллати тоҷик пеш гирифтааст.  Ва аз саҳифаи интернетии худ  тавассути Ду узви ситод — Алим Шерзамонов ва Вайсиддин Одинаев ҷор мезананд, ки   эълони тазоҳурот дар кишварҳои ғарбӣ барои ҳимоят аз Ҳамза Тиллозода ба роҳ мемонанд.  Бешармона тифлеро , ки имрӯз миёни маргу ҳаёт даст ба гиребон аст дар манзари сиёсати хеш қарор додаанд. Ва боз мехоҳанд тавассути Ҳамза  таваҷҷуҳи оламиёнро  ба Ҳизби терроистиву хунхори наҳзат  ҷалб намоянд.  Ба қавле   ин тифли  бемор гаравгони  сиёсати хуношоми онҳост. Зеро тиби имрӯзаи тоҷик  ки дар илми саратоншиносӣ  қадамҳои устувор мегузорад ташхиси  Ҳамзаро гузаронидаву дараҷаи бемории ӯро  муайян кардааст. Ва бар замми ин омода намудани ҳуҷҷатҳои модари Ҳамза барои барои  ба хориҷа бурдани ӯ дар дасти ниҳодҳо пайи ҳаланд. Аммо ин  беимонҳо, ки оромии кишвару миллати тоҷикро намехоҳанд Ҳамзаву бемории ӯро  дастак барои манфиатҳои хеш карданиянд.

Ҳадафи барпокунандагони ин  тазоҳуротҳо, ки сафашон  чандон беш  нест бо ин амалҳои худ танҳо ва  танҳо ворид намудани халал дар сулҳу  суботи кишвар  буда, ба ин роҳ мехоҳанд  муносиботҳои гарму самимии роҳбарияти кишварро   бо дигар кишварҳои хориҷӣ сард сохтан аст.. Аммо онҳо бо ин амалҳои зишту ғаразноки худ ба мақсади ниҳоияшон нахоҳанд расид. Зеро имрӯз дар хориҷа  аз   найрангҳои онҳо хеле хуб хабардоранд.

Аъзоёни ин ситод     баргузории тазоҳуротро  дар кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Вилнюс, Варшава, Вена ва ғайра эълон кардаанду   иштироки чанд нафареро   бо маблағҳои  хоҷагони хориҷияшон  дар ин тазоҳуротҳо ҷамъ меоварда бошанд.   Алим Шерзамонов ва Вайсиддин Одинаев дар  баёнияи видеоии худ  дар бораи тазоҳурот  хабар додаву  тасмим онро доранд, ки  дар як қатор  кишварҳои ғарбӣ аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон тазоҳуроти густарда оғоз  шавад.

Аммо гумони онро дорем, ки  ҳар тоҷики   бо нангу ор  пайи ин тазоҳурот нахоҳад рафт.

Агар ин гуруҳи хушомадхуҷа , ки дум-думи  Муҳиддин Кабирӣ давидаву  аз домани ӯ рӯзӣ мечинанд каме виҷдон медоштанд, медиданд, ки маҳз ана ҳамин ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон  ҳазорон тифлони аз касофати  дастони пурхуни  аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИТ ятиму бепарастор мондаро  соҳибӣ кард. Тарбият намуд, хононд ва  ба пойи худ дар шоҳроҳи зиндагӣ рост кард. Алим Шерзамонов ва Вайсиддин Одинаев барин ашхоси нопок бемории Ҳамзаро пеш овардаву даст ба суботи  кишвари ятимпарвар задан мехоҳанд, ки  ҳеҷ ба мақсадашон нахоҳанд расид.  Даст аз ин тифли бемор бардоред, ӯро қурбони сиёсати ғаразонаи худ накунед.  Барои ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон фарқе надорад, ки Ҳамза фарзанди кист ва дасти кӯмак ба ӯ дароз хоҳад кард. Аммо шумо агар чунин имкони хуби дастгириро доред, пас  чаро садҳо тифлони бемореро, ки  имкони дар хориҷа  табобат карданро  надоранд  кӯмак кардан намехоҳед? Барои онки онҳо набераву  хешу табори Муҳиддин Кабириву ӯ барин   ватанфурӯшон нестанд!!

Яъне ба қавли Лоиқи бузург : «Ҷони ту ҷону ҷони касе ҷон набудааст»

 Салим Назар, омӯзгор.