Ср12182024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ВАҲДАТ ПОЯИ СУЛҲ

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ва кулли тоҷикзабонони сайёра таърихи басо хушу зиндагисозро ҳадя кард. Пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқта гузошт. Албатта, ҳар оғозеро анҷоме дар пай аст. Ҳамаи ҷангҳо, чӣ хурду чӣ бузург, аз худ қатлу куштор ва хунрезӣ боқӣ мегузоранд. Аз ин нигоҳ ҳодисаҳои дохили кишвари мо низ истисно нест. Насли солҳои 90-уми асри гузаштаи мо ҳама ранҷу азоби ҷанги шаҳрвандиро диду дар кому ботини худ заҳрашро чашид. Садои фарёду фиғони кӯдакону модарон, дуди сиёҳи хонаҳои сӯхтаву валангор, ҷонсупорӣ дар талоши як пора нон ба фалак ҳамовоз мешуд. Ин ёдоварии талх бояд барои ҳар яки мо зангулаи садои бедорӣ бошад.

Шукри тақдир, ки фарёди миллат чун дуо мустаҷоб шуд ва марди хирадманду хирадпешае сари қудрат омад, ки ба тақдири минбаъдаи халқи мо бетавофут набуд. Марде, ки воқеан масъулияташ, иродаи қавии сиёсиаш, ҷасорату мардонагиаш барои ҳамагон маълуму машуҳр аст. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатъ гардидани оташи ҷанг бениҳоят бузург аст. Қадамҳои устувори ӯ барои осоиштагии марзу бум ва миллати мо мустаҳкаму устувор аст.

Сарвари давлат ба хотири имрӯзу фардои миллат ба хатарноктарин сангарҳо баҳри ба даст овардани сулҳ, манфиатҳои миллӣ бо виқору номуси тоҷикона сафар мекард. Аз минбарҳои бонуфӯзи олам ҳамаро ба иттиҳоду якдилӣ даъват менамуд.

Албатта, ҳар як амали хайр сарчашма мегирад аз эътимоду боварӣ ба халқ, ба миллат ва ба Ватан.

Дар вуҷуду ботини худ санҷидаем, ки он рӯзҳоеро, ки аз сари мардуми мо гузашт ва ҳеҷ гоҳ аз ёди мо зудуда нахоҳад шуд. Имрӯзҳо мебинем, ки кохе, деҳае, шаҳраке Ваҳдат номгузорӣ шудааст, ки ин хело фараҳбахшу гӯшнавоз аст. Аз забони наврасон дар боғчаву мактаб, аз забони бузургсолон дар роҳраву хиёбон, ҷойҳои ҷамъиятӣ суханоне ба гӯшамон мерасад, ки ҳама саропо аз меҳр, ситоишу васфи Ваҳдат ва асосгузори он аст. Ваҳдати миллати мо, воқеан ҳам Ваҳдати комил аст. Ваҳдати миллӣ барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар мамлакат фазои мусоид фароҳам овард. Имрӯз ҳамагон новобаста аз маҳалу макон дар сатҳу соҳаҳои гуногун баробар фаъолият ва кору пайкор мекунанд.

Имрӯз тараққиёти босуръату пешрафти чашмгири ҳамаи самту паҳлӯҳои ҳаёти кишварро дида итминонамон дучандон зиёд мегардад, ки кишвари тозаистиқлоламон дар ҳоли рушду тараққии босуръат аст ва ин раванд дар ҳоли идома ёфтан аст ва идома меёбад.

Хурсанд САФАРОВ, омӯзгори муассисаи рақами 6, аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.