Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ОҒӮШИ ГАРМИ “ДУРАХШОН”

Чун ҳамасола дар давраи тобистон, ки таътили тобистонаи мактаббачагон фаро мерасад, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар  лагеру истироҳатгоҳҳои мактабӣ дарҳои худро ба рӯйи наврасон мекушоянд. Баҳри иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 04. 2018 бо  рақами 295, фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.05.2018 бо рақами 1810 ва Қарори раиси ноҳия аз 22.05.2018 бо таҳти рақами 343 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,шуъбаи маориф ва дигар идораву ташкилотҳои масъули ноҳия корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Дар ноҳия майдончаҳои  солимгардонӣ дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 1,2,7,18,21,35,40,59  бо фарогирии   260 нафар хонанда фаъолият доранд.   Ҳамзамон   1600 нафар толибилмони   дар лагерҳои фароғатию истироҳатии дохили ноҳия ба  истироҳат фаро гирифта шуданд.

Лагери беруназшаҳрии истироҳатию фароғатии “Дурахшон” 130 нафар наврасонро дар басти аввал ба оғӯш гирифт.

“Дурахшон”ба ҳақиқат имсол дурахши наву тоза дорад. Ду навбат ташрифи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва таъкиду дастурҳои ӯ  дар корҳои омодагирии ин фароғатгоҳи бачаҳо такони ҷиддӣ дод. Пеш аз ҳама зиёда аз 150 метр роҳу роҳравҳои дохили истироҳатгоҳ аз таъмири пурра бароварда шуд. Дар ду тарафи роҳу роҳравҳо гулҳои ҳаррангаи ороишӣ шинонида шуд, ки ба манзараи умумии ин истироҳатгоҳ зебоӣ ва ҳусн илова намуд. Боиси қайд аст, ки тайи  ду соли охир  ду хобгоҳи замонавӣ бо тамоми таҷҳизоту ороишоти наву муосир сохта ва таъмиру тармим гардида,мавриди истифода қарор дорад. Ҳамчунин сохтмони хобгоҳи наву замонавӣ дар ҷойи хобгоҳи пешина, ки аз солҳои 70-уми асри гузашта мавриди истифода қарор дошт, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси ноҳия оғоз гардид. Бо шарофати ташрифи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ , бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан ба вазъи омодагиҳо дар ин истироҳатгоҳ ва маслиҳату тавсияҳои судманди ӯ сохтмони ошхонаи хушсохт ва чанд суҳбатҷойҳо(беседка)-и ба талабот ҷавобгӯ дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст.

Истироҳатгоҳи “Дурахшон”, ки басти аввали он барои истироҳати хушу бофароғати мактаббачагон  аз 25-июн оғоз ёфт дар ду баст имкони фарогирии 260   нафарро дорад. Муҳимтар аз ҳама хонандагоне,ки соли таҳсилро бо баҳои аъло ҷамъбаст кардаанд, ҳамчунин ятимон ва нимятимон метавонанд ба таври ройгон инҷо истироҳат  намоянд.

Ҳ. БУЗУРГ, хабарнигори ”НФ”.