Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

11 ИНШООТИ ҶАШНӢ АРМУҒОНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА МАРДУМ

Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашни 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар назди таърих 21 сол ин чандон муҳлати тӯлонӣ нест. Аммо дастоварди бузурги таърихӣ мардуми заҳматкаши моро тайи ин муддат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробар ба чандин даҳсолаҳо расонд.

Тавре ҳамарӯза тариқи оинаи нилгун мебинем, айни ҳол дар сарросари кишвар корҳои ободонию созандагӣ бо суръат идома дошта, арафаи таҷлили ин саннаи тақдирсоз дар диёри файзбори мо ҳам даҳҳо иншооти хурду бузург мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор хоҳад гирифт. Ба муносибати ин ҷашни фархунда дар ноҳияамон ифтитоҳи зиёда аз 10 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони қисме аз он ба анҷом расидааст.

Анҷоми қисме аз иншооти хизмативу маишӣ, ки аксари он бо ташаббуси мардум амалӣ гардидааст, гувоҳ аз дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби меҳнаткашони диёр аст.

Боиси ифтихор аст, ки давоми 21 соли Ваҳдати миллӣ симои шаҳраки Файзобод, таҷассумгари ободию шукуфоии диёр, ба куллӣ дигаргун шудааст.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ, корҳои таъмири роҳи мошинагарди байни кӯчаҳои маркази ноҳия, васл кардани овезаҳо дар пояҳои хатти равшанидиҳанда, ранг намудани хонаҳои баландошёна, шинонидани гулу гулбуттаҳо дар ду тарафи роҳи маркази ноҳия, назди идораҳои ташкилоту муассисаҳо, хонаҳои истиқоматии баландошёна ҳусни шаҳрак ба маротиб афзуд.

Мулки зархезу зарнисори мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбариву кӯшишу ғайрати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва ободкории мардуми бонангу ораш боз ҳам ободтару зеботар мегардад.

Воқеан, мо бояд таъкиди Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як лаҳза ҳам фаромӯш накунем; “...баробари ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор кардан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи имонии ҳар яки мост, ки тамоми кӯшишамонро ба хотири таҳкими сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар ва осоиши зиндагии халқамон сафарбар намоем. Яъне мо бояд Ватанамонро бо обилаи дастони худамон созем ва ба як давлати пешрафта табдил диҳем”.

Собир Розиқов, хабарнигори “НФ”.