ХАБАРҲО
РӮЗИ БАРОЯМ ХОТИРМОН
- Подробности
- Опубликовано 25.06.2018 15:51
27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо азму иродаи миллати бостонии мо рӯйдоди фараҳбахшу хотирмоне ба вуҷуд омад. Дар ин рӯз созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки аз ибтидои рӯзгори орому осоиштаи мардуми тоҷик дарак медод. Ин санаи муҳим боз аз он ҷиҳат барои ман азиз аст, ки дар ин рӯз, яъне 27 июни соли 1987 ду нафар – ман аз ноҳияи Фархор ва шавҳарам аз ноҳияи Дарвоз - бо ҳам оила барпо кардем. Ба ин хотир ҳамасола ин рӯзро интизорӣ мекашем, ки дар ҳалқаи фарзандон онро бо хурсандӣ ва рӯҳи болида ҷашн бигирем. Ин санаи тақдирсоз барои ман ва аҳли оилаам азизу муқаддас аст. Имрӯз ин Тоҷикистони пур аз офтобу пур аз сулҳ ва сафо дар ҳоли боз ҳам шукуфтану тарққиёт аст. Ба ин хотир мо ин хушбахтиву хушрӯзиамонро чун зар ба каф ва ин сарвати бебаҳоамонро, яъне ваҳдатамонро чун ҷон ба бар гирифта, ҳаргиз раҳо нахоҳем кард.
Моҳитобон ИСМАТОВА,
омӯзгори МТМУ №1.