САҲИФАИ АСОСӢ
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 27 Сентябрь 2017
- Просмотров: 13819
Омӯзгорони меҳрубон!
Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон - Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлол Иди касбии омӯзгорон - «Рӯзи муаллимон» бо шукӯҳу эҳтироми шоиста таҷлил мегардад. Пешаи омӯзгорӣ воқеан ҳам муқаддастарин касби рӯи олам аст. Рисолати омӯзгорӣ мубориза бар зулмоту ҷоҳиливу нодонӣ, равшан намудани қалбҳо, ташаккули ақлонӣ, зеҳнӣ ва парвариши инсон аст.
Мавлоно Ҷомӣ фармудааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар ҷомеаи мо омӯзгор мақому мартабаи баланд дорад ва бархӯрдор аз эҳтирому арҷгузории аҳли ҷомеа аст. Вақте ки мо омӯзгор мегӯем, пеши назарамон инсони шоиста, ғамхору дилсӯз ва мушфиқу меҳрубон ҷилвагар мешавад, ки бе таълиму тарбия, бе мактабу маориф, бе шогирдон ҳаёташро тасаввур карда наметавонад. Муаллим дар ҳаёти ҳар кадоми мо нақши муҳиме гузоштааст ва саргузашти мо бе номи ӯ, бе фаъолияти ӯ, бе маслиҳату насиҳатҳои падаронаи ӯ тасаввур намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки « Он ҷо, ки зиё аст, дар он нури Худо аст». Аз ин рӯ, мо ҳама бо устодони худ ифтихор мекунем
Боиси фараҳмандист, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муносибати давлату Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф боз ҳам беҳтар гардида, рушди ин соҳаи тақдирсоз ба яке аз рукнҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Имрӯз ҳадафи аз ҳама муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияту пешаи омӯзгорон баҳои баланд дода, аз ҷумла менигорад: «Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда хоҳанд монд».
Вазифаи аз ҳама вазнин, вале пуршарафу муқаддас, тарбияи насли наврас, насли созандаву бунёдкор, ояндаи миллату давлати тоҷик ба уҳдаи Шумо-муаллимони меҳрубон гузошта шудааст. Маҳз заҳмату ҷонфидоиҳои омӯзгорон буд, ки девону дафтари ниёгони сарбаланду некном, бофарҳангу тамаддунсозамон то ба ин рӯзҳои пурсаодати мо расида, мавриди баҳрабардории аҳли башар қарор гирифтааст.
Имсол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо таҷҳизоти навин (миз, курсӣ, тахтаи синфӣ, ҷевони китобмонӣ ва ғайра) таъмин карда шуд. Бо дастгирии сокинони диёр дар деҳаи Кӯлобиён муассисаи таълимӣ барои 100 ҷойи нишаст сохта шуда, чун тӯҳфа ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши хонандагон гардонида шуд. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаи Навобод барои 200 ҷойи нишаст дар як баст, деҳаи Меҳрободи боло барои 100 ҷойи нишаст бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, саховатмандони диёр ва бо дастгирии ассотсиатсияи омӯзгорону падару модарон дар назди муассисаҳои таълимии рақами 26 ва 32 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, дар назди МТА рақами 58 бинои хонаи омӯзгорон оғоз пазируфтанд, ки ҳамаи ин самар аз ваҳдату якдилӣ ва соҳибистиқлолии кишвар аст.
Бояд қайд намоям, ки ба тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саъю талошҳои омӯзгорони азиз соҳаи маориф дар ноҳия рушд дорад. Месазад дар ин рӯзи саид, рӯзи хоси муаллимон номи устодони беҳтарини ноҳия: Тағоев Муродалӣ, Қурбонова Зебуниссо, Иминова Маҳбуба, Содиқов Меҳриддин, Зоиров Назаралӣ, Сангов Маҳмадраҷаб, Абдуллоев Саидаҳмад, Холиқов Баҳриддин, Азимова Умеда, Гурезов Давлат, Султонов Сафар, Довудов Аскар, Ниҳмонов Саъдоншо, Камолова Соро, Иброҳимов Абдулло ва даҳҳои дигарро бо ифтихор ва эҳтироми хоса ба забон орем, ки бо меҳнати ҳалолашон ном бароварда, маҳбуби дилҳо гаштаанд.
Омӯзгорони азиз, иҷозат диҳед бори дигар Шуморо ба иди касбиатон – «Рӯзи муаллимон» самимона муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо, ки дар тарбияи насли наврас – ояндаи миллату давлат саҳми арзанда мегузоред ва барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон шабу рӯз заҳмат мекашед, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам изҳори сипосу миннатдорӣ баён намоям. Ба шумо дар иҷрои вазифаи пуршарафи омӯзгорӣ барори кор ва осоиши рӯзгорро таманно дорам.
Идатон муборак, омӯзгорони азиз!
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 12 Сентябрь 2017
- Просмотров: 11825
Ҳамдиёрони азиз!
Бисту шаш сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ва мардуми шарифи он иди Истиқлолияти давлатии кишварро таҷлил менамоянд ва дар фазои давлати озоду соҳибихтиёр баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳияро ба ин ҷашни бузурги миллиамон - солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.
Ин муддат барои таърих чандон фурсати тӯлонӣ набошад ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ин муддати кӯтоҳ тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори Ватанамонро таъмин намуда, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшида, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқи кишвар равона созад.
Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта мешавад.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масоили умдаи сиёсию иқтисодии ҷаҳон ширкат меварзад ва андешаи хешро изҳор менамояд.
Чӣ тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии миллию таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард».
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои сифатан нав ворид гардида, сол то сол пеш мераванд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шавад.
Имрӯз бо сарафрозӣ ва шукрона аз соҳибватанию соҳибистиқлолӣ бояд қайд намоем, ки дар даврони истиқлолият дар ҳаёти сокинони ноҳияи мо низ пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Сокинони бонангу ор ва меҳнатқарину ватандӯсти ноҳия дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва озодии комил кору зиндагӣ намуда, пайваста саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор гузоранд. Бо баракати истиқлолияти комил, ваҳдату осоиштагӣ, ғамхорию дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии сокинони ноҳия сол аз сол сифатан беҳтар гардида, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёту иқтисодиётамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Дар зарфи ин солҳо маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамасола зиёд мегардад. Кишоварзони ноҳия баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастурхони сокинони мамлакат аҳлона меҳнат намуда, истеҳсоли ҳама навъҳои маҳсулотро сол аз сол афзун намуда истодаанд. Дар соҳаи сохтмону меъморӣ низ тӯли солҳои охир дигаргуниҳои чашмрас ба амал омаданд. Симои шаҳраку деҳотҷои ноҳия сол то сол ободтару зеботар мегардад. Сохтмони мактабу синфхонаҳо, бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва иншооти хизматрасонию ободонӣ, ки солҳои охир ба истифода дода шудаанд, ба ҳусни ноҳия ҳусн зам намуда, симои онро ба куллӣ тағйир додаанд. Соҳаҳои тандурустӣ ва фарҳангу ҳунари ноҳия низ рӯ ба рушданд.
Бо шукронаи зиёд бояд изҳор намоем, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои ҳаётамон бевосита аз файзи Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон сарчашма мегирад.
Ҳамдиёрони азиз!
Бори дигар тамоми сокинони ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, ба ҳар як сокини ноҳия саломатӣ, барору комёбиҳо ва ба ҳар хонадони мардуми ноҳия ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Зинда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Иди Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!
Таваљљуњ ба “Мурѓи њилол” зиёд буд
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 10 Август 2017
- Просмотров: 1493
Рўзи 17 июл дар толори МИЊД-ии ноњия нишасти матбуотии раиси ноњия, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олї Раљабзода Миралї бо иштироки кормандони ВАО-и мамлакат ва ноњия доир гардид.
Дар оѓози нишаст Раљабзода Миралї назди рўзноманигорон аз дастоварду мушкилоти њамаи соњањои њаёти ноњия дар нимсолаи аввали соли 2017 сухан кард.
Давоми шаш моњи соли равон дар ноњия болоравии нишондињандањои иќтисодї чашмрас буда, рушди соњањои иљтимої, фарњангу маориф таъмин гардид.
Дар ин давра њаљми умумии мањсулоти кишоварзї 41 миллиону 748 њазор сомониро ташкил дод.
Њамчунин раиси ноњия таъкид намуд, ки бо вуљуди нисбати њамин давраи соли гузашта беш аз 280 њазор сомонї зиёд мањсулоти саноатї истењсол шуда бошад њам, корхонањои саноатии Љамъиятњои сањомии заводи хишт, “Шарбати Файзобод”, оби маъдании “Гумбулоќ”, корхонаи равѓанкашї ва заводи консервабарории љамъияти матлубот фаъолияти чашмрас надоштанд ва дар давоми сол фаъолияти аксари онњо ѓайриќаноатбахш буд. Бояд ќайд кард, ки њанўз корхонањои саноатии ноњия бо иќтидори заруриашон кор намекунанд.
Тайи 6 моњи соли равон дар ноњия 340 тўйњои домодию арўсї, 27 хатнасур, 163 маъракаи чил, 54 маъракаи сол ба ќайд гирифта шудааст. Дар ин давра бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ва соњибкорон тўйи хатнасури 70 нафар кўдакони ятиму аз оилањои ниёзманд доир карда шуд. Тањлилњо нишон медињанд, ки на њамаи љашну маросимњо бо риояи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон” доир мегарданд.
Сипас раиси ноњия ба суолњои хабарнигорон посух гуфт.
Маълум шуд, ки бањри пешгирии љавонон аз воридшавї ба гурўњњои экстремистї корњои зиёди ташвиќотї гузаронида шудаву натиљањои назаррас низ ба даст омадааст. Боиси таассуф аст, ки ягона хољагии тухмипарварии ба номи А. Назиров њамагї дар ду гектар картошка кишт намудааст ва ин боиси нигаронист. Таваљљуњ ба бунёди майдончањои варзишї ва толорњои варзишї хеле зиёд буда, навбати аввали майдони варзишии ноњия дар арафаи иди Истиќлолияти кишвар ба анљом хоњад расид. Фаъолияти вакилони маљлисњои љамоатњои дењоту шањрак њанўз њам бењбудиро металабад. Тозагии маркази ноњия ва дењоти он, фаъолияти минбаъдаи ЉДММ “Мурѓи њилол”, дастгирии ташаббусњои созанда ва таваљљуњ ба нарху навои бозор аз љумлаи он мавзўъњое буданд, ки дар нишаст мавриди таваљљуњ ќарор гирифт.
Њамчунин раиси ноњия Раљабзода Миралї ба хабарнигорон аз наќшањои нави созандагии сокинони ноњия ва сањми онњо дар пешрафти кишвар давоми нимсолаи соли 2017 сухан кард.
-Сокинони ноњия дар њама самтњои њаёти иљтимоиву иќтисодии ноњия бо рўњбаландии бузург аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, Њукумати Љумњурии Тољикистон дастгирї карда, бањри сазовор истиќбол гирифтани 26-умин солгарди Рўзи Истиќлолияти давлатї саъй хоњанд кард,- таъкид дошт Раљабзода Миралї.
“НФ”.
Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
- Подробности
- Категория: МИНБАРИ МУАССИСОН
- Опубликовано 06 Апрель 2017
- Просмотров: 3573
Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!
Баҳори нозанин - Наврӯзи хуҷастапай, ки пайке аз эҳёи табиат, зиндашавии олам, оғози кишту кор ва бунёдкорию созандагӣ маҳсуб меёбад, боз ба сарзамини куҳанбунёду файзбори тоҷикон қадами фархунда ниҳод.
Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.
“ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ” АЗ ЧОП БАРОМАД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 17 Март 2017
- Просмотров: 1619
Арафаи иди матбуоти кишвар китоби «Шукӯҳи истиқлол» , ки дастовардҳои мардуми ноҳияро дар 25 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос менамояд, аз чоп баромад. Муаллифон кӯшиш кардаанд, ки дар китоб фаъолияти пурсамари кормандони қариб тамоми соҳаҳои ноҳияро инъикос намоянд. Хонанда ба чеҳраҳои шинохтаи ин диёр, ки барои ободию созандагиҳо софдилона заҳмат кашида, ба ин хотир сазовори мукофоти давлатӣ гардидаанд, ошно мешавад. «Шукӯҳи истиқлол», бо қалами журналистони маҳаллӣ, ходимони имрӯзаи «Набзи Файзобод» таълиф шудааст.
“НФ”.
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 25 Февраль 2017
- Просмотров: 1692
Ҷамъи омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 22 декабри соли 2016 дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар ҷамъомади умумимактабӣ матни Паёмро директори муассиса Қодир Саидов қироат кард.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАЪКИД МЕКУНАД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 25 Февраль 2017
- Просмотров: 1627
Роҳбари давлат ба ҳамагон таъкид менамояд, ки барои ҷавонон шароити мусоиди фаъолият муҳайё созанд, онҳоро тарзе тарбия намоянд, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, «касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Роҳнамоии Сарвари давлат ояндаи ҷавононро ба сӯи илму маърифат, забондонию илмомӯзӣ мунаввар месозад. «Ҷавонон,-таъкид менамояд роҳбари давлат,-бояд аз ҳама қишрҳои ҷамеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд» .
Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 22-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
- Категория: МИНБАРИ МУАССИСОН
- Опубликовано 14 Ноябрь 2016
- Просмотров: 1749
Ҳамдиёрони азиз!
6 ноябри соли 1994 дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон воқеаи муҳиму фараҳбахше рух дод, ки он дар таърихи кишвар саҳифаи наву хотирмонро кушода, дар ҳаёти сокинони ҷумҳурии азизамон гардиши куллиеро ба амал овард. Он рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ бори аввал бо истифода аз ҳуқуқҳои фитрӣ ва изҳори иродаи хеш аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуданд. Инак 22 сол мешавад, ки 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
МО ЗИДДИ ИФРОТГАРОИЕМ!
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 02 Ноябрь 2016
- Просмотров: 1870
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.
Тавре маълум аст, гурӯҳҳои муосири ифротгароии динӣ, намояндагони мазҳабҳои гуногуни исломӣ, хусусан пайравони мазҳаби шиъа ва тамоми шохаву равияҳои онҳоро дар ҷумлаи мусулмонон ҳисоб намекунанд.