Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАЪКИД МЕКУНАД

Роҳбари давлат ба ҳамагон таъкид менамояд, ки барои ҷавонон шароити мусоиди фаъолият муҳайё созанд, онҳоро тарзе тарбия намоянд, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, «касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Роҳнамоии Сарвари давлат ояндаи ҷавононро ба сӯи илму маърифат, забондонию илмомӯзӣ мунаввар месозад. «Ҷавонон,-таъкид менамояд роҳбари давлат,-бояд аз ҳама қишрҳои ҷамеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд» .

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъолияти ҷавонон назаррас аст. Мо, ҷавонон, қувваи бузурги ҷомеа ҳастем. Бино бар ин набояд аз мактабу донишгоҳ, фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ  канораҷӯӣ кунем. Дар кӯчаву бозорҳо гаштан ё худро дар кишварҳои бегона ғариб кардан, аз зану фарзанд, падару модар дур будан ба ҷавонмарди тоҷик намезебад. Мо бояд дар ҳадди  имконияту тавоноӣ як гӯшаи Ватани азизамонро обод кунем, барои зиндагии осоиштаи падару модари хеш ҳамеша дар такопӯ бошем.

Меҳроб ҚАРАЕВ.