Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МИНБАРИ МУАССИСОН

Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 22-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 22-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҲамдиёрони азиз!

6 ноябри соли 1994 дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон воқеаи муҳиму фараҳбахше рух дод, ки он дар таърихи кишвар саҳифаи наву хотирмонро кушода, дар ҳаёти сокинони ҷумҳурии азизамон гардиши куллиеро ба амал овард. Он рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ бори аввал бо истифода аз ҳуқуқҳои фитрӣ ва изҳори иродаи хеш аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуданд. Инак 22 сол мешавад, ки 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз ин фурсат сокинони ноҳияро ба фарорасии рӯзи қабули Конститутсияи мамлакат самимона табрик мегӯям.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар заминаи Конститутсия бо дарназардошти талаботи замони муосир дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид.

Бо дарназардошти заруратҳои сиёсии ҷамеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он се маротиба - солҳои 1999, 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.  Тағйиру иловаҳои соли равон ба он воридгардида хеле муҳиму ҷолиб буда, боиси дигаргунии куллӣ дар қонунгузории кишвар гардид.

Дар замони амали ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ сарварии гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ба дӯш доштанд, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат дигаргуниҳои азим ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.

Боиси шукру ифтихор аст, ки дар 25 соли соҳибистиқлолӣ ноҳияи мо чун яке аз гӯшаҳои Ватани азизамон хеле рушд намуд. Имрӯз сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати комил ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ҷамъиятӣ, вазифаҳои давлатӣ ва ободонию шукуфоии диёру кишварамон ҷаҳду талош меварзанд.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки риояи меъёрҳои Конститутсия, эҳтироми қонун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, барои зиндагии озоду осоишта ва рушди мамлакат заминаи асосӣ мебошад. Чӣ тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад”.

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати ҷашни мубораки “Рӯзи Конститутсия”-и кишвари соҳибистиқлоламон табрик гуфта, ба тамоми ҳамдиёрони азизамон саломатию хушбахтӣ, хонаи ободу рӯзгори пурсаодат орзу менамоям.