Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

ҶАВОНОНИ ФАЙЗОБОДӢ ПАЙИ ҲИМОЯИ ВАТАН ОМОДААНД

Дар асоси Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” шурӯъ аз   1 апрели соли равон дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи даъвати баҳории наваскарон оғоз ёфт. Тибқи қарори раиси ноҳия ба маъракаи имсолаи даъвати наваскарон ҳамаҷониба омодагӣ гирифта шуда, комиссияи босалоҳият аз ҳисоби масъулон ва табибон созмон ёфтааст. Чун ҳамасола чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” бо иштироки зиёди даъватшавандаҳо ва падару модарон дар толори мактаби варзишии ноҳия     хотирмон баргузор шуд.

Раиси ноҳия,узви Маҷлиси миллии МО ҶТ Раҷабзода Миралӣ дар оғози чорабинӣ ҳамаи даъватшудаҳоро барои ба хизмати Ватан - Модар омода шудан табрик гуфта афзуд, ки хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар иҷрои қарзи фарзандӣ, шарафу номуси ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони файзободӣ низ қатори дигар фарзандони баору номуси диёр дар ҷузъу томҳои артиши кишвар сарбаландона хизмат намуда истодаанд ва боварӣ ҳаст, ки шумо низ дар ин қатор номбардори бародарони худ хоҳед шуд.  

Муовини вазири мудофиаи мамлакат Латифзода Асрор Қурбон аз иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ноҳия бобати дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ бобати хизмати сарбаландона дар марзу буми хеш ба падару модарон изҳори сипос намуда таъкид дошт, ки роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар барои сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар ҳамаи шароитҳоро муҳайё намудааст ва ояндаи боэътимоди кишвар аз сарбозони далеру ғаюр вобаста аст.

Ҷанговари байналмилал Неъматулло Раҷабов ҷавонони ҷамъомадаро,   ки барои ба мактаби мардонагӣ   рафтану қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Ватан-Модар адо кардан омода шудаанд, табрик гуфт.

Сокини деҳаи Меҳробод Раҷаб Бӯриев зимни баромадаш ифтихор аз он дошт, ки     писараш дар ин даъват ихтиёрӣ барои дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат хизмат кардан омадаву ҳамчунин ҳамсолонашро   даъват намудааст, ки хизмат ба Ватан, хизмат ба модар аст, аз ин рӯ бо амри дил барои хизмат тайёр бошанд.

Собиқадори ҶБВ Аҳмад Бердиев таъкид дошт, ки қаҳрамонию далерии ҷавонмардони файзободӣ дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи беҳтарини оини ҷавонмардӣ буд ва боварӣ намуд, ки   даъватшавандагони имрӯза чун падарону бобоҳои шуҳратманди худ бо сари баланд марзу буми кишварро ҳимоя карда бармегарданд.

Даъватшаванда Кароматулло Қурбонов низ зимни баромади худ ҳамаи ҳозиринро боварӣ бахшид, ки бо сари баланд хизмати Ватан - Модарро ба анҷом мерасонанд.

Дар анҷоми чорабинии мазкур ҳунармандони Филармонияи халқии ноҳия ба номи Н. Раупова бо сурудҳои худ табъи ҳозиринро шод гардонданд. Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои даъватшавандаҳо ва ҳозирин дастархони идона ороста буд.

Баргузории “Рӯзи даъватшаванда” дар ноҳия бозгӯи дастгирии сиёсати роҳбарияти давлат аз тарафи ҷавонон аст.

Боиси қайд аст, ки дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ аз ҳисоби ҷавонони омада, 25 нафарашон   ба сафи Артиши миллӣ гусел карда шуданд, ки ҳамагон ихтиёриён буданд.

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧАШМАСОР-ИҶРОИ НАҚША ДАР РӮЗИ АВВАЛ

Ҷамоати деҳоти Чашмасор тайи чанд соли охир аввалин шуда, нақшаи даъвати наваскаронро ба иҷро мерасонад. Чи тавре зимни суҳбат раиси ҷамоати мазкур Фатҳиддин Амонатов иброз дошт, яке аз масъалаҳои асосӣ барои кормандони ҷамоат омода намудани ҷавонон ба хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола бо ҷавонони деҳот, падару модарон корҳои зиёди тарғиботӣ гузаронида мешавад ва он натиҷаҳои дилхоҳ низ дода истодааст. Аз ҳисоби захираи мавҷуда сафи ихтиёриён меафзояд.

Воқеан ҳам, муҳаббат ба марзу буми хеш ва ҳифзи ин муқаддасот ҷавононро водор месозад, ки ихтиёрӣ барои хизмат ба комиссарияти ҳарбӣ меоянд. Маъракаи даъвати имсола ин гуфтаҳоро бори дигар собит кард.

Бори аввал миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷамоати деҳоти Чашмасор дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳории наваскарон нақшаро пурра иҷро кард.

НУҲ НАФАР ИХТИЁРӢ АЗ МЕҲРОБОД

Деҳаи Меҳробод дар миқёси ноҳия аз деҳаҳои калонтарин маҳсуб меёбад. Бисёрҳо дар бораи фарзандони деҳа, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва берун аз он бо меҳнати ҳалоли хеш номбардори диёр гардидаанд, суханҳои хуб мешунавем ва ифтихор аз кору пайкори онҳо мекунем. Аз ин деҳаи макони меҳр рӯзи аввали оғози маъракаи даъвати баҳории наваскарон,   нуҳ нафар ҷавонон нияти адои қарзи фарзандиро карданд. Миёни онҳо набераи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ шодравон Искандар Бӯриев ҳам буд.

Шарифбек бо ҳамроҳии рафиқонаш дар комиссарияти ҳарбии ноҳия ихтиёрӣ барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватани азизи хеш хизмат кардан ариза навишт. Шаб гирди дастурхони хонадон ин азмашро ба падар баён кард.

-Офарин, писарҷон, марди ҳақиқӣ ана ҳаминхел мешавад. Исбот кардӣ, ки набераи ҳақиқии бобои қаҳрамонат ҳастӣ. Бобоят ҳафт сол (1941-1947) дар набардҳои шадид бар зидди фашистон ҷангидаву бо сари баланд ба деҳа баргашта буд. Акнун ҳимояи марзу буми ватан дар зиммаи шумо ҷавонмардон аст,-бо қаноатмандӣ гуфт падар.

Ин иқдоми писари раиси маҳаллаи деҳаи Меҳробод Мирзораҷаб Бӯриев пайравони худро пайдо кард.

Воқеан ҳам, Шарифбек Искандаров тайи ҳашт сол дар Россия таълим гирифтаву пасон мактабро дар таълимгоҳи деҳа хатм кард. Ғолиби чандин озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ мебошад. Бо гирифтани маълумоти миёна ба шуъбаи ғоибонаи Академияи сохтмонии шаҳри Тюмени Россия дохил шудаву айни ҳол дар курси дуюм таҳсил дорад. Мисли баъзе ҷавонон ба хотири ба хизмати аскарӣ нарафтан аз кишвар амон ҳиҷрат накард. Баръакс, бо амри дил барои дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакати тозаистиқлоламон хизмат кардан ба Ватан омад.

Замоне, падари варзишгараш Мирзораҷаб Бӯриев ҳам қатори дигар ҷавонони диёр дар шаҳри Чита хизмати аскарӣ кардаву ҳамеша дар мусобиқаҳои бонуфӯз аз рӯи гӯштини тарзи озод миёни аскарбачаҳо чемпион мешуд. Чандин ифтихорномаҳо аз роҳбарияти қисми низомӣ гирифтааст.

Чун шумораи навбатӣ омода мешуд, огоҳӣ гирифтем, ки Шарифбек Искандаров дар яке аз қисмҳои низомии вилояти Суғд хизматро оғоз кардааст.

Моҳи ноябри соли гузашта бо номи “Ифтихору обрӯйи падар” ( “Набзи Файзобод” шумораи №34. Аз 30 октябри соли 2015) дар бораи сокини деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод Абдукарими Саъдулло, ки бо сари баланд хизмати аскариро ба анҷом расонида буд, маводи хондание иншо карда будем. Рӯзи 1 апрел боз бо Саъдулло Зоиров вохӯрдем. Ин дафъа акаи Саъдулло писари дигари худро ба хизмат гусел мекард. Падар   бо дили саршор аз муҳаббат ба Ватани азиз ба қомати расои наваскари худ менигаристу аз чунин фарзанди тарбиякардааш меболид. Воқеан, Саъдулло писари устои номӣ Солеҳбеки файзовагӣ мебошад.

Кош ҳама падару модарон рисолати хешро дар назди Ватан –Модар бо чунин фарзандони тарбиякардаашон ба иҷро мерасониданд. Зеро як рукни имондорӣ-ватандорист.

Низомиддини Шамсиён,

хабарнигори “НФ”.