Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Рӯзи 11 апрели  соли 2016  Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи  интихоботии Қанғелӣ рақами 14 Азизов Абдулло котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Сафаров Рустам, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 39, Бӯриев Абӯбакр, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 21,    Шарифова Мукаррама, вакил аз ҳавзаи интихоботии  № 11  интихоб гардиданд.

Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:

- Ҳисоботи комиссияи доимии  Маҷлиси вакилони  халқи ноҳия оид ба  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

- Дар бораи рафти иҷрои талаботҳои қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 30 августи  соли 2011 №425 «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016”

-  Дар бораи муқаррар  намудани меъёри  ҳади ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия

- Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани  ваколатҳои  вакили Маҷлиси вакилони  халқи ноҳия аз  ҳавзаи интихоботии  Кабкрез №12

- Дар бораи  таъин намудани  интихоботи вакили Маҷлиси вакилони  халқи ноҳия аз  ҳавзаи интихоботии  Кабкрез №12

- Тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия 

Рӯзномаи пешниҳодгардида аз ҷониби вакилони халқ қабул гардид.

Аз рӯи масъалаи аввали  иҷлосия раиси комиссияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Шамсиддин Абдураҳимов баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми иҷлосия раиси комиссияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон, занон ва оила Оиша Табарова   аз рафти иҷрои талаботҳои  Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 30 августи  соли 2011 №425   «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” дар ноҳия  гузориш дод.

Муовини аввали раиси ноҳия, раиси комиссия оид ба тақсими заминҳои наздиҳавлӣ Акрамзода З.А. меъёри  ҳадди ақали  қитъаи замини  наздиҳавлиро   дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пешниҳоди вакилон намуд. Вакилон меъёри ҳадди аққали  қитъаи замини наздиҳавлиро дар ҷамоати шаҳрак 0,05га ва ҷамоатҳои деҳот 0,08 га муайян карданд.

Аз рӯи масъалаҳои чоруму панҷуми  иҷлосия  раиси комиссияи ноҳиявии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Зарипов Н  баромад кард. Ӯ пешниҳоди  прокуратураи ноҳияро барои пеш аз муҳлат қатъ намудани  ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия   аз ҳавзаи интихоботии Кабкрез 12  манзури вакилон намуд. Баъди тасдиқи пешниҳоди мазкур,  вакилон  санаи баргузории интихоботи  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия   аз ҳавзаи интихоботии Кабкрез 12-ро муайян карданд. Интихоботи мазкур рӯзи 17 июли соли 2016 баргузор мегардад. 

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Ш.Қ. аз рӯи масъалаи шашуми иҷлосия баромад намуда, амр ва қарорҳои раиси ноҳияро ба тасдиқи вакилон  пешниҳод  кард.

Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар анҷоми кори   иҷлосия  умедворӣ аз он намуд, ки  вакилони халқ дар оянда баҳри  пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кӯшишу ғайрати худро дареғ намедоранд. 

Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони ноҳия Суруди миллӣ садо дод.

“НФ”.