МИНБАРИ МУАССИСОН
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 09:57
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-умин солгарди иди Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Бо истифода аз фурсат ин ҷашни фархундаю муборакро ба ҳамагон табрик мегӯям.
Иди Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи ҷашнҳоест, ки зодаи даврони истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рӯкнҳои давлатдории тозаи миллӣ буда, дар он орзую омоли халқамон таҷассум ёфтааст.
Даҳсолаи охири қарни бист барои миллати тоҷик давраи ниҳоят душвору ҳассос ва фоҷиабор буд.
Бадхоҳони миллати тоҷик алангаи шӯру ошубро барангехта, ба сари мардуми ҷафодидаи мо рӯзхои сахту сиёҳро оварданд.
Роҳи ягонаи наҷот аз вартаи ҳалокат роҳи муросову созиш, ба ҳам овардани гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани фазои сулҳу ваҳдат буд.
Ҳазорон шукрона, ки тақдир барои халқу миллати соҳибтамаддуни мо чунин имконро раво дид ва таҳти сарварии фарзанди некному сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рӯзҳои неку шодӣ расидем. Миллати бузургу некноми тоҷик, ки борҳо аз имтиҳону санҷишҳои сангини таърих сарбаландона гузаштааст, ба оламиён собит намуд, ки тору пуди ин миллат аз меҳру шафқат, сулҳдӯстӣ ва инсонпарварӣ сиришта шудааст, ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷангу хунрезӣ, қатлу ғорат набуду нест.
Пас аз талошҳои бепоёну собитқадамонаи Пешвои миллат ва гузаронидани 21 вохӯрӣ дар тӯли чор сол 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва он рӯз дар таърихи миллат ҳамчун рӯзи наҷоти тоҷикон- Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо хатҳои заррин сабт гардид.
Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон устувортар гардида мардуми кишвар ба ояндаи неку дурахшон боварии бештар ҳосил намуданд, нури умед ба дилҳо ҷо гирифт ва ин ба пешрафти истеҳсолот, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар мусоидат намуд. Дар чунин шароит Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки барномаи тараққиёти иқтисодиро амалӣ созад.
Дар тӯли солҳои ваҳдату якдилӣ дар ҳаёти мардуми кишвар пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Сохта ба истифода додани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву саноатӣ, шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳои мошингард, неругоҳҳои хурду калони барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, ҳамасола таъсис додани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, бунёди боғу токзорҳо, сол аз сол афзудани маблағгузориҳо ба соҳаи иҷтимоӣ, хусусан соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва бисёр дигар дастовардҳо маҳз ба шарофати барқарор гардидани фазои сулҳу ваҳдат дар мамлакат ба даст омаданд.
Тайи ин муддат дар ҳаёти сокинони ноҳияи мо низ пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Сокинони меҳнатқарину ватандӯсти ноҳия дар фазои сулҳу ваҳдати комил кору зиндагӣ намуда, пайваста саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор бигузоранд. Бо баракати ваҳдату осоиштагӣ, ғамхорию дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Дар зарфи ин солҳо буҷаи ноҳия даҳҳо баробар афзуда, маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамасола зиёд мегардад.
Бо шукронаи зиёд бояд изҳор намоем, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои ҳаётамон бевосита аз файзи ваҳдати халқи азизамон ва Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон сарчашма мегирад.
Имсол иди Ваҳдати миллӣ дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки дар саросари мамлакат омодагиҳо ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз вусъат меёбад.
Сокинони низ баҳри дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ таҷлил намудани ин санаи муқаддаси миллиамон аз тамоми имконияту захираҳо истифода намуда, баҳри сазовор истиқбол намудани он аҳлона меҳнат намуда истодаанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Бори дигар ҳамаи сокинони ноҳияро ба ҷашни бошукӯҳи миллат- Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод гуфта, барои ҳар як нафар сиҳатмандии комил, рӯзгори хушу осуда, сулҳу ваҳдати абадӣ ва барору сарбаландиҳо таманно менамоям.
Зиндаву поянда бод Ваҳдати миллат!
Зинда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз!