Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Тибқи қарори раиси ноҳия аз 21 июни соли равон, рӯзи 4 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 7-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор шуд. Дар кори иҷлосия аз шумораи 39 нафар вакилон 36 нафар ширкат намуданд. Ҳамчунин ба кори иҷлосия кормандони дастгоҳи раис, роҳбарони  сохторҳои воҳидии мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ходимони дин  иштирок доштанд.

Иҷлосияро раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ раисӣ намуд.

Бо пешниҳоди вакил М. Шарифова вакил аз ҳавзаи  интихоботии №11,   вакилон    М. Нозимова, аз ҳавзаи интихоботии  №6,A. Саидов, аз ҳавзаи интихоботии №32 ва  Н. Шамсиён, аз ҳавзаи интихоботии № 23 котибони  иҷлосия интихоб гардиданд.

Иҷлосияи ҳафтум масъалаҳои зеринро мавриди баррасии вакилон қарор дод:

Дар бораи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи  соли 2015,№31 ва қарори раиси  ноҳия аз 4 майи соли 2015, № 221 «Дар бораи  таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи рафти  иҷрои буҷети маҳаллии ноҳия дар нимсолаи  якуми соли 2016,  ҳисоботи комиссияи  доимии  Маҷлиси вакилони   халқи ноҳия оид ба рушди соҳаи  кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, дар бораи бекор кардани  қарорҳои  Маҷлиси вакилони   халқи ноҳия оид иловапулиҳо ба нафақаи пиронсолӣ,   тасдиқи амр  ва қарорҳои  раиси ноҳия,

Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии № 37 Шоев Абдулҳамид масъалаи номгузории  бозори хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум  ва масолеҳи сохтмонии назди мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  дар деҳоти Мискинобод  ба рӯзномаи иҷлосия илова гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми  иҷлосия муовини раиси ноҳия С. Раҷабзода баромад намуда, аз рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи  соли 2015,№31 ва қарори раиси  ноҳия аз 4 майи соли 2015, № 221 «Дар бораи  таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориши муфассал дод.  

 Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия сардори раёсати молияи ноҳия Иноятулло Раҷабов баромад намуд.

Аз рӯи  масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия  раиси комиссияи  доимии Маҷлиси вакилони халқи  ноҳия оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Насриддинов Э гузориш дод.

Аз рӯи масъалаҳои дар боло баррасишуда вакилон аз ҳавзаи интихоботии №36 Нурзода Сафарбег ва  Амонатов Фатҳиддин аз ҳавзаи интихоботии  №31 ба музокира баромаданд.

Сипас масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосияро дар бораи бекор кардани  қарорҳои  Маҷлиси вакилони   халқи ноҳия оид иловапулиҳо ба нафақаи пиронсолӣ, сардори раёсати молияи ноҳия Иноятулло Раҷабов  барои вакилон баён намуд.

Вакилон  амру қарорҳои раиси ноҳияро баъди гузориши  роҳбари  дастгоҳи раиси ноҳия Ш. Восеев аз рӯи масъалаи навбатӣ тасдиқ намуданд.

Аз рӯи масъалаи ба рӯзномаи иҷлосия илова гардида, раиси комиссияи номгузории  назди мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳия , вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 26, муовини раиси ноҳия С. Раҷабзода баромад кард. Сипас вакилон  дар бораи «Истиқлол» номгузорӣ шудани бозори хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум  ва масолеҳи сохтмонии назди мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  дар деҳоти Мискинободро якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Ҳамаи масъалаҳои  баррасишуда  аз ҷониби вакилон пурра дастгирӣ ёфта, вобаста ба ҳар кадом қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Раиси ноҳия Раҷабзода М, дар анҷоми иҷлосия баҳри ислоҳи камбудиҳои дар рафти муҳокима баёнгардида ва рафти корҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  супоришҳои мушаххас дода,  боварӣ бахшид, ки вакилони халқ     баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои  иқтисодиву иҷтимоии ноҳия  ва дар сатҳи баланд таҷлили ин саннаи барои ҳар кадоми мо азиз донишу маҳорати  хешро дареғ намедоранд. 

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони  халқи ноҳия бо пахши Суруди Миллӣ оғоз ва анҷом ёфт.

«НФ»