Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Омӯзгорони  муҳтарам, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола рӯзи якшанбеи якуми моҳи октябр дар саросари кишварамон иди касбии муаллимон - «Рӯзи омӯзгорон» ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат кулли омӯзгорони ноҳияро самимона табрику муборакбод мегӯям.
Муаллим, воқеан, равшангари роҳи аҳли ҷомеа, тарғибгару пешбарандаи сиёсати давлату ҳукумат ва тарбиятгари насли оянда буда, рисолати басо муҳиму манфиатбахшро адо менамояд. Бесабаб нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намуда, сол аз сол баҳри беҳтар гардидани базаи моддию техникии соҳа,  шароити таълиму тарбия ва сатҳи зиндагии омӯзгор  чораҳои муассир меандешанд. Чӣ тавре дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли равон қайд гардид,  соли 2014 ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф зиёда аз дуюним миллиард сомонӣ равона карда шуда, соли 2015 ба ин мақсад се миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба зиммаи омӯзгорон вазифаи ниҳоят пурмасъулияту бошараф – таълиму тарбияи насли наврас, ба роҳи дурусту ояндаи дурахшон ҳидоят намудани аҳли ҷомеа гузошта шудааст. Аз ин ҷост, ки аҳли ҷомеа ба кору номи неки онҳо ифтихор намуда, дар зиндагии ҳаррӯза ба омӯзгор такя мекунанд.
Дар ноҳияи мо низ рушди соҳаи маориф, пешрафти кори мактабу муаллим зери диққати доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  қарор дошта, ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, соли равон бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Элок сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷои нишаст ба маблағи 18 миллион сомонӣ оғоз карда мешавад, ки тибқи нақша то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Рушди Осиё дар деҳаи Бӯстон сохтмони муассисаи таълимии замонавӣ бо маблағи 2,8 миллион сомонӣ оғоз гардид. Аз ҳисоби маблағҳои шахсии соҳибкори  номдори диёр Ҷамшед Ғафуров муассисаи таълимӣ  барои 120 ҷои нишаст дар деҳаи Кенҷаобод, бо малағгузории мақомоти иҷроия ва ассотсиатсияҳои волидайну омӯзгорон дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои  24 ва 29 синфхонаҳои иловагӣ дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор доранд.Бунёди чунин синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои рақамҳои 23, 26, 32 ва 44 низ дар назар аст.
Хушбахтона, дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату ҳукумат сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии насли наврас сол то сол беҳтар мегардад, ки ин пеш аз ҳама ба меҳнати садоқатмандонаи омӯзгорон вобаста аст.
Дар ин рӯзи саид мо номи даҳҳо нафар омӯзгорон, аз ҷумлаи Абдураҳимов Азиз, Қурбонова Зебуниссо, Бобоев Додихудо,  Аҳмадхонов Саймуддин, Зоиров Назаралӣ, Сангов Маҳмадраҷаб, Абдуллоев Саидаҳмад, Султонова Шаҳло, Азимова Умеда, Гурезов Давлат, Султонов Сафар, Довудов Аскар, Ҳамроқулова Зебо, Гулонов Идрис, Камолова Соро, Иброҳимов Абдуллоро    бо ифтихор ба забон мегирем, ки бо  заҳмати ҳалолашон соҳиби обрӯву эҳтиром ва маҳбуби дилҳо гаштаанд.
Омӯзгорони муҳтарам, ҳамаи Шуморо бори дигар ба фарорасии ид касбиатон «Рӯзи омӯзгорон» табрику таҳният гуфта, бароятон саломатию хушбахтӣ, рӯзгори хушу осуда ва дар фаъолияти заҳматталабу пуршарафатон баҳри тарбияи насли сазовори Ватан барору комёбиҳо таманно менамоям.

Идатон муборак, омӯзгорони азиз!