Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ДАСТОВАРДҲОИ АҲЛИ ФАРҲАНГ

Аҳли фарҳанги ноҳия дар соли рафта аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ноҳия 108 ҳазор сомонӣ барои таъмири бинои Филармонияи халқӣ, 25 ҳазор сомонӣ барои мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев, 37 ҳазор сомонӣ барои харидории таҷҳизот истифода намуданд.
Иштироки санъаткорони ноҳия дар даври ниҳоии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии  ансамблҳои тарона ва рақси фолклорӣ-этнографӣ таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ширкат варзиданд. Фестивал-озмуни «Оши палав» ва сарфароз гардидан ба диплом ва мукофоти пулӣ ҳамчун ғолиб дар бахши «Ҳаҷвнигорӣ» дар боғи Дӯстии халқҳо, иштирок дар фестивали туристиву фарҳангии «Мероси роҳи абрешим» таҳти унвони «Рангоранг» дар маҷмааи Боғи ирам, иштироки Гулноза Зайниддинова дар озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» ва ғолиб донистани он кас дар наминатсияи «китобхони беҳтарин», намунаи дастовардҳои ҳамин сол аст. Ҳамчунин иштироки мудири китобхонаи бачагона Меҳрубон Сафарова дар озмуни мазкур ва мушарраф гардидан ба дипломи дараҷаи сеюм, иштирок дар барномаи ҳунарӣ бахшида ба соли оила ва рӯзи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи Боғи ирам, иштирок дар даври ниҳоии фестивали «Чакан», фестивали ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат», иштироки санъаткорони ноҳия дар озмун – консерти «Пайрав» дар Кохи Ҷомӣ аз саҳми беандоза доштан дар гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявидошта далолат медиҳад.
Мо дар соли оянда ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки чорабиниҳоро дар сатҳи баланд таҳия намуда пешкаши тамошобинон гардонем.


Ҳабибуллои МИРЗОШАРИФ, мудири бахши фарҳанги ноҳия.