САҲИФАИ АСОСӢ
СОЛИ 2016 МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕТАЛАБАД
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 22.01.2016 08:34
- Просмотров: 16389
Дар маҷлиси васеи назди раиси ноҳия, ки рӯзи 11 январи соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, соҳибкорон ва фаъолони ноҳия доир гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2015 мавриди муҳокима қарор гирифт. Назди ҳозирин аз дастоварду камбудиҳои дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавҷуд буда муовини аввали раиси ноҳия Акрамзода З.А. ва муовинони раиси ноҳия Сафаров Р.М. ва Раҷабзода С.Б. ҳисобот доданд (Маърӯзаҳо дар ҳамин шумора дар шакли мухтасар чоп гардидааст). Мавриди қайд аст, ки баромадкунандаҳо соҳаҳои вобастаи хешро ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода асосан атрофи камбудиҳо ва роҳҳои ислоҳи онҳо андешаронӣ намуданд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сабабҳои роҳ додан ба камбудиҳо ва ислоҳи онро аз баромадкунандагон ва аз масъулини ҳар як соҳа пурсон шуд. Кишоварзон баробари афзун намудани маҳсулнокии соҳа бояд ба баланд бардоштани маданияти зироаткорӣ, боғдорӣ ноил шаванд. Вақти он расидааст, ки аз ҳар гектар заминҳои обӣ то 50-60 сентнерӣ ҳосили ғалла ба даст оварда шавад. Ҳосилнокии заминҳои картошкаву сабзавот низ бояд ҷавобгӯи талабот бошад. Рафти корҳои сохтмонӣ низ айни ҳол нигаронкунанда аст. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ки боиси ғанӣ гардонидани буҷаи ноҳия мегардад, чандон намоён нест. Махсусан саҳми соҳибкорон дар ин самт кам ба чашм мерасад. Иншооти хусусишуда бо мақсад истифода нагардида, аксари онҳо ба нестӣ расида истодааст. Ҳол он ки мақсад аз хусусӣ гардонидан обод кардану саҳмгирифтан дар пешрафти иқтисодии ноҳия мебошад. Аз ин хотир раиси ноҳия таваҷҷуҳи соҳибмулконро ба он ҷалб намуд, ки иншоотҳои хусусигардидаро бо манфиат истифода намоянд, истеҳсолотро ривоҷ диҳанд.
Ҳамчунин Раҷабзода М. атрофи ташкили муассисаҳои мактабӣ ва томактабии ғайри давлатӣ, иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ”, ба тартиб даровардани атрофи оромгоҳҳо, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, идомаи корҳои ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе –Хоруғ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра масъулинро вазифадор намуд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2016 бояд бо меҳнати созанда натиҷаҳои чашмрасро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият ноил шуда, ҷашни бисту панҷсолагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо натиҷа ва дастовардҳои намоёни меҳнатӣ истиқбол намоем. Дар сатҳи баланд доир намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар бояд мақсаду мароми ҳар як сокини ноҳия бошад, -иброз намуд раиси ноҳия.
“НФ”.