ХАБАРҲО
ХУШ ОМАДӢ, СОЛИ ОРЗУҲО!
- Подробности
- Опубликовано 08.01.2016 16:31
Инак, боз як соли мелодиро ба саҳифаҳои таърихи рӯзгорамон гуселонидаву соли нави 2016-ро бо нияту орзуҳои нек истиқбол мегирем. Воқеан ҳам, соли рафтаи 2015 солест, ки бо рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангияш дар таърихи кишвар ва рӯзгори ҳар кадоми мо нақши муассире гузошт. Пеш аз ҳама дар сатҳи баланд доир гаштани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони МО-и кишвар ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, таҷлили бошукўҳи ҷашнҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин 3000-солагии Ҳисори бостон, гиромидошти 700- солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани садҳо иншооти хурду бузург дар кишварамон аз дастовардҳои сол ба ҳисоб меравад.
Воқеаи муҳими дигар дар ҳаёти сокинони мамлакат ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» мебошад, ки дар саросари кишвар ҳамовозии гарму ҷўшон пайдо кард. Сокинони ноҳияи мо низ аз қабули қонуни мазкур сахт истиқбол намуда, боварӣ бар он доранд, ки зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон боз ҳам ба қуллаҳои баланди пешрафт ва шуҳрат хоҳад расид.
Дар Файзободи азизи мо низ соли 2015 аз худ нақши хотирмоне боқӣ гузошт. Бо роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Раҷабзода Миралӣ корҳои ободонӣ вусъати тоза гирифта, ба хусус симои маркази ноҳия ба куллӣ тағйир меёбад. Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли обҳои ранга, оғози таъмири чанд бунгоҳу маркази саломатӣ, азнавсозии майдони марказии ноҳия, бунёди нахустин боғи интенсивӣ дар Қалъаидашт, иштироку соҳибҷоиза гардидан дар чандин озмунҳои фарҳангӣ ва чандин корҳои дигари соли рафтаро метавон ёдовар шуд, ки боиси ифтихори ҳар сокини ноҳия аст. Барои мо эҷодкорон ҳам соли рафта бобарор буд. Ба ҳафтанома табдил ёфтани «Набзи Файзобод» ва дар шабакаи ҷаҳонии интернет соҳиби торномаи худ гардидан, ки то ба имрӯз наздики 90000 ҳазор муштариён дар дохилу беруни кишвар тавассути он аз набзи ноҳия огоҳ ёфтанд, барои мо фаромӯшношуданист.
Ва инак, соли нави 2016 қадамҳои устувори худро ба саҳифаҳои таърихи рӯзгори мо гузошт. Соли нав моро воқеаву рӯйдодҳои зиёде дар пеш аст. Пеш аз ҳама дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ҳар яки моро водор месозад, ки бо ғайрати дучанд меҳнат намуда бо нишондиҳандаҳои баланд онро сазовор истиқбол намоем.
Боварӣ бар он дорем,ки зери роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 соли дигаргунӣ,пешрафту шукуфоӣ ва бунёдкорӣ дар ҳаёти сокинони Тоҷикистони азиз ва Файзободи файзрези мо мегардад. Аз ин хотир мегӯем: Хуш омадӣ, соли орзуҳо, соли нави 2016!
«НФ».