ХАБАРҲО
СОҲИБКОРОН ФАЪОЛ БУДАНД
- Подробности
- Опубликовано 12.02.2016 16:04
4 феврал дар толори хурди филармонияи халқии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ бо намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ доир гардид. Дар оғози нишаст раиси ноҳия намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2015 ба таври мушаххас шинос намуд. Аз ҷумла изҳор дошт, ки нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, ба буҷа аз ҳисоби андозу пардохтҳо ба ҷои 14644 ҳазор сомонии ба нақшагирифташуда 15936,3 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2014 1936,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 109 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Раҷабзода Миралӣ таъкид намуд, ки дар ин сол махсусан ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, дастгирии соҳа ва ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагию ободонӣ диққати зарурӣ зоҳир карда шуд. Аз тарафи соҳибкор Очилов Алиҷон ба истифода додани сехи истеҳсоли шарбати мева, аз ҷониби Холов Фазлиддин ба кор тайёр намудани сехи истеҳсолии обҳои ранга дар деҳаи Сарой, бо ташаббуси шаҳрванд Юсупов Қаҳҳорбек дар деҳаи Заркмари ҷамоати деҳоти Мискинобод ба маблағи беш аз 2 миллион асфалтпӯш намудани зиёда аз 3км роҳ, бо харҷи 70 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ намудани пули деҳаи Бобоивалӣ аз ҷониби Қодирова Файзия ва ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ таъмир намуда ба истифода додани пули деҳаи Заркамар аз тарафи Миралиева Сафармоҳ мисоли равшани рушди соҳибкории хурду миёна дар ноҳия ва саҳми он дар ободии диёр мебошад.
Таъмиру бунёди чоҳҳои амудӣ ва каналҳои обрав, хусусан таъмири канали “50 солагии Тоҷикистон”, ки боиси пешрафти соҳаи кишоварзӣ хоҳад гардид, таъмини кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ, таваҷҷуҳ ба соҳаҳои маорифу фарҳанг, паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия , бунёди кӯдакистонҳои хусусӣ, бунёди терминали нав аз ҷумлаи он суолҳое буданд, ки дар ин нишаст посухи худро аз ҷониби раиси ноҳия ва масъулон дарёфтанд.
Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аз нақшаҳои нави созандагии сокинони ноҳия ва саҳми онҳо дар пешрафти кишвар давоми соли 2016 сухан гуфта, дилпурӣ аз он намуд, ки дар амалӣ сохтани ин нақшаҳо ВАО-и кишвар саҳми муносиб мегузоранд.
М.ТАҒОЕВА, «НФ»