САҲИФАИ АСОСӢ
САРВАРИ ҒАЙРАТМАНД
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 12.02.2016 16:06
- Просмотров: 17083
Чанде пештар, вақте ки масъалаи ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додани унвони Пешвои миллат ба миён омада буд, хурсандиамро ба хабарнигори ҳафтаномаи «Набзи Файзобод» изҳор карда будам. Суханони дар ҳаққи Саравари давлат гуфтаи ман дар газета чоп шуд, ки аз ин хурсанд шудам.
Чаро пинҳон кунам, ки ба ин марди ҳақиқӣ ҳамчун Президенти Тоҷикистон ва Сарвари миллат садоқати зиёд дорам. Мо ба воситаи оинаи нилгун ҷаҳонро мебинем, аз ҳодисаю воқеаҳои дунё хабардор мешавем. Мешунавем, ки халқҳои ҷаҳон нисбат ба президентҳои худ чи хел муносибат доранду дар бораи онҳо чӣ мегӯянд. Дар назари ман тоҷикон бузургтарин миллате ҳастанд, ки мардони шоистаи худро ба дараҷаи даркорӣ ҳурмат мекунанд. Эмомалӣ Раҳмонро чаро эҳтиром накунем, ки дилу ҷонашро барои беҳбудии кишвари азизамон мебахшад. Ана, бигирем ҳамин заминдиҳиашро. Ӯ заминро ба мардум дод, то ба хости дил истифода баранд. Синни ман аз 80 гузашта бошад ҳам, аз замин дил канда наметавонам. Кас меҳнат кунад, маҳсули меҳнаташро ба ширинӣ мехӯрад. Чандин сол аст, ки дар қитъаи замини иҷорагирифтаам пиёзу помидор мекорам. Мегӯянд, ки ризқро Худо медиҳад. Ман ба чени насиба ҳосил мегирам ва рӯзгорамро пеш мебарам.
Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон саршори ғамхориҳо мебошад. Сарвари давлат иқрор шуд, ки соли гузашта бо сабабҳои воқеӣ маошу нафақаи моҳи сентябр ваъдакардаашро дода натавонист. Нияти Пешвои миллат, Худо хоҳад, моҳи июли соли 2016 ба иҷро мерасад. Аз мақсадҳои неки дигари ӯ дар бобати сохтмони корхонаҳои коркарди тилло, руҳ, сурб ва ғайра огоҳ шудам. Инҳо ашёҳои саноатианд. Ва боигарии халқи тоҷик ҳисоб мешаванд.
Бори дигар гуфтан мехоҳам, ки Эмомалӣ Раҳмон қувваю ғайраташро барои ободии мамлакат сарф мекунад.
Қ.СИРОҶОВ, сокини деҳаи
Қанғелии ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев