ИҶТИМОЪ
МАҚОМИ ФАРД ДАР БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
- Подробности
-
22 Дек 2014
- Опубликовано 22.12.2014 10:30
Инак, ду даҳсола мешавад, ки Сарқонуни кишвар барои тақдиру сарнавишти халқи тоҷик ҳамчун омилу дастури муайянкунанда амал намуда, чун санади бунёдӣ тавонист дар замири дили ҳар як шаҳрванд манзалати шоиста пайдо намояд. Пайдо гаштани ин гуна рӯҳия як фикру гумони хушку холӣ нест. Мо медонем, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гашт. Худи ҳамин гувоҳу далели ҷомеаи демокративу озод будани Тоҷикистон мебошад.
Мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон дар радифи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба эътироф ноил гардидааст. Маҳз ин ҷиҳат боис аст, ки эътимоду боварии ҳар як шаҳванд нисбат ба ин санади бунёдӣ дар роҳи рушду тавсиа пайваста зиёд гардад. Дар воқеъ агар ҳар як фард дар кишвари худ таъмини ҳуқуқӣ ва озодиҳоро эҳсос намояд, барои ӯ ҳаёти устувору шоиста ва умедворкунанда мувоҷеҳ аст.
Бистсолагии Сарқонуни кишвар ифтихори мост ва ифтихори мост, ки дар ин бахтномаи миллат мақоми фард дар мадди аввал гузошта мешавад. Дар моддаи панҷуми Сарқонун аз мақоми инсон ва шаҳрванд таъкид мешавад, зикр мегардад, ки «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф, риоя ва аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд». Бояд гуфт, ки дар ҳамагуна қонунҳои кишварҳо дар ин бобат таъкид меравад ва ҷомеаҳои муваффақу мутараққӣ бо назардошти ин тамоюл комёбиҳои сазоворро соҳиб мегарданд. Аммо равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷаҳони муосир нишон дода истодаанд, ки ҷой надоштани амиқияту садоқатмандӣ дар баъзе аз сарқонунҳои кишварҳои «роҳгумкарда» боиси кулфату ранҷҳои халқҳои зиёд мешаванд. Баракати бахтномаи мо ва дар он пайваста баланд бардоштани мақоми инсон ва дар партави он ба вуҷуд омадани волоияти қонун дар кишвар боиси ваҳдату осоишу ҳамгироӣ гаштааст. Ҳуқуқу имконотро моддаи шашуми Сақонуни кишвар низ тасдиқ менамояд, ки дар он раъйпурсии умумихалқӣ ҳамчун ифодакунандаи мароми ҳокимияти халқӣ ҳисобида мешавад. Ин худ далелу бозгӯи он аст, ки ҳар як фард дар кишварамон дар интихоби тақдири дунявии худ соҳибихтиёр аст.
Боби дуюми Бахтномаи миллат ба таври мушаххас ифодакунанда ва нишондиҳандаи мақоми баланди шаҳрванд дар ҷомеаи кунунӣ мебошад. Дар моддаи чордаҳуми ин боб дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сухан рафта, Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо дониста мешавад. Ҳамзамон муваззаф будани тамоми сохторҳои ҳокимиятҳои мавҷуда дар роҳи ҳифзи ин ҳуқуқу озодиҳо таъкид карда мешаванд. Боиси таъкид аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар дар зери ҳимояти давлат қарор дорад, ки ин ҷабҳаро моддаи шонздаҳуми Сарқонун таҳким бахшидааст.
Ҳар фард ҳуқуқ ба зиндагӣ дорад (моддаи 18), ҳимояти судӣ ба ҳар нафар кафолат дода мешавад (моддаи 19), то баромадани ҳукми суд касе гунаҳкор дониста намешавад (моддаи 20), қонун ҳуқуқи ҷабрдидаро ҳифз менамояд (моддаи 21), фард ҳуқуқ ба манзил дорад (моддаи 22), ҳар нафар ҳуқуқ ба таҳсил дорад (моддаи 40), ҳар нафар ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, илмӣ ва бадеӣ дорад (моддаи 41), шахс ҳуқуқ ба сир ва ахбори фардӣ дорад (моддаи 23), шахс ҳуқуқ ба сафари хориҷиву дохилӣ дорад (моддаи 24) ва амсоли он мазмунҳое ҳастанд, ки таъминкунанда ва нишондиҳандаи ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеаи демократии мо мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки аз моддаи 14 то моддаи 46 боби дуюми Сарқонун фарогирандаи тамоми муқаддасоти ҳаёти фард ва шаҳрванд мебошад. Ҳуқуқ ба иродаи сиёсӣ, меҳнат, истироҳат, саломатӣ, оила ва ғайра бешубҳа аз он арзишҳои моддиву маънавӣ барои фард мебошанд. Ба андешаи мо, муқаддастарин омил ин волоияти қонун аст, ки, сарфи назар аз ҳама гуна сохтори ҳокимият, кафили суботу оромиву пешрафти ҳар кишвар дониста мешавад. Моддаи 42-и Сарқонун низ таъкид менамояд, ки дар Тоҷикистон ҳар нафар муваззаф аст, ки қонунҳоро риоя намояд ва ҳолатҳои надонистани қонун ҷавобгариҳоро истисоно наменамояд. Таъбири Ситсерони бузург ба ёд мерасад, ки гуфта буд: «Хоҳед, ки озод бошед, ғуломи қонун бошед». Ин фаласафа ва ҳикмату таъбири боло то замоне, ки инсоният ҳаст, асолати худро гум намесозад. Маърифати ҳуқуқӣ омили асосии риояи қонунҳо аз ҷониби ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқ аст. Бесабаб нест, ки вобаста ба ин нукта Сарвари давлатамон дар ҳама «Паём»-ҳо ва мулоқоту баромадҳои худ доимо таъкиду ишораҳо менамояд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ ду даҳсола боз амал менамояд, омили бунёдии як ҷомеаи мутамаддин барои наслҳои минбаъда ба шумор меравад.
Фахриддин Қутбиддинов,
иҷрочии калони суди н.Файзобод.