ИҶТИМОЪ
ҶИЛОИ ҲУНАР ДАР ПОЙТАХТИ КИШВАР
- Подробности
-
23 Нояб 2014
- Опубликовано 23.11.2014 21:08
Ҳаваскорони санъати ноҳияи Файзобод даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2014”-ро бомуваффақият ҷамъбаст намуда, ҳамчун ғолиб (дар қатори 13 шаҳру навоҳии мамлакат) ба даври дуюми (ҷамъбастии) озмун роҳхат гирифтанд.
Дар остонаи рӯзи сафар ба пойтахти кишвар дар намоиши “имтиҳонӣ”-и санъаткорон раиси ноҳия Каримиён Имомназар пас аз таваҷҷуҳи зиёд ба ҳунарнамоии ҳаваскорони санъат изҳор намуд, ки давраи омодагиҳо ба фестивал-озмун натиҷаҳои хурсандибахш дод. Раис бо қаноатмандӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар ташкили тайёрӣ ва рафти озмун ҳисса гузоштанд, миннатдорӣ карда, бо боварӣ гуфт, ки Худо хоҳад, Файзобод дар “Андалеб-2014” ҷойи ифтихориро ишғол менамояд.
Бояд гуфт, ки даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб - 2014” бо баромади ҳаваскорони санъати ноҳияи Файзобод ҷамъбаст гардида (6 июни соли 2014) давраи дуюм (4 август соли 2014) бо баромади файзободиҳо оғоз шуд.
Чӣ тавре дар Низомномаи фестивал омадааст, мақсад аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 23 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Воқеан, кишвари мо бо қадамҳои устувор дар самти тадбиқи стратегияи ҳаёти сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ташаккули тафаккури демократии ҷомеа роҳ мепаймояд. Вобаста ба ин мақоми муассисаҳои фарҳангӣ ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва тарғиби маҷмӯи донишҳои инсонӣ дар бунёди ҷомеаи нав беш аз пеш меафзояд.
Чанд моҳи давраи тайёрӣ ба фестивал-озмун ( апрел-июли соли 2014) андешаи баёндоштаи моро амалан собит кард. Мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошариф Бӯризод эътироф менамояд, ки “Андалеб - 2014” чеҳраҳои нави фарҳангиро кашф кард. Мисоли рӯшанаш Анораи Азиз, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 мебошад. Ба хотири фестивал-озмун асбобу анҷомҳои мусиқӣ, сару либоси саҳна, автомашинаи хизматӣ харидорӣ карда шуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 1 миллион сомонӣ муассисаҳои фарҳангӣ таъмир карда бо пардаю курсиҳои театрӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин бо ҳидояти раиси ноҳия Имомназар Каримиён зиёиён ба китобхонаи марказӣ беш аз 3 ҳазор китоб бахшиданд.
4 август, рӯзи баргузории баромади ҳаваскорони санъати Файзобод (зиёда аз 90 нафар), қабл аз ҳунарнамоии иштирокчиёни “Андалеб-2014”дар ошёнаи дуюми Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев намоиши дастовардҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои халқии мардуми Файзобод ташкил карда шуд, ки бозгӯи заҳматкашу меҳнатқарин будани ҳамдиёрони мо ва таърихи кӯҳану ибратбахш доштани ин гӯшаи биҳиштии Тоҷикистони азиз, нишони ваҳдатхоҳию ваҳдатсароӣ, ризояту қаноати мардум аз сиёсати давлату ҳукумат мебошад. Аз ҳамаи нуҳ ҷамоати деҳоту шаҳрак намояндаҳо истеъдоду ҳунарварии хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Дарвозаи мунаққашу зебои файзободиҳо, ки ба сифати даромадгоҳи Фестивал-озмун ороста гардид, на фақат файзободиҳои санъатдӯст, инчунин мухлисони савту навои дигар гӯшаҳои кишварро сӯйи худ мехонд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Орумбеков эътироф намуд, ки мардуми Файзобод ба қадри фарҳанг мерасанд ва ин ганҷро болотар аз ҳамаи ганҷҳо медонанд.
Ҳини баромади санъаткорони мо толори филармония ҷойи холии нишаст надошт. Пур-пурии нишастгоҳ аз он далолат менамуд, ки санъаткорони Файзобод дар тамоми Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ҳаводорони бешумор доранд.
Нахустбаромади ҳаваскорони мо, ки аз саломнома иборат буда, аз ашъори Ҷӯрабек Муъмин мураттаб шуда буд, шукӯҳи баъдинаи ҳамаи баромадҳоро таъмин кард. Ровиён Музаффар Малангов, Мафтуна Маҳмадӣ, Умеда Нуралӣ бо лаҳни гуворо табрикоти самимии мардуми Файзободро ба аҳли нишаст хеле шунаво расонданд. Минбаъд ёздаҳ бахши дигари шартҳои озмун: ҳамсароён, байтбарак, навозиши умумӣ, рақс, суруди якка ва классикӣ, навозиш бо най, бадеҳа, намоиши сару либос, суруди ҳаҷвӣ ва сюитаи овозию рақсӣ паси ҳам иҷро карда, ҳар кадом бо қарсакҳои самимию мавҷдор истиқбол мешуд. Эътирофи аҳли нишаст ба ҳунарнамоён рӯҳу илҳом мебахшид. Аз ҳар баромад ҳис карда мешуд, ки мардуми диёри мо дӯстдори санъат буда, дар ривоҷу равнақи фарҳанги халқ ҳисса мегузоранд, баҳри рушду камоли он дониш, қувваю ғайратро дареғ намедоранду барои иштирок дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳурӣ бо масъулияти баланд амал менамоянд. Мардуми ифтихорманди аз санъату фарҳанги диёр огоҳ хуб медонанд, ки аз ибтидои баргузории озмунҳои умумиҷумҳуриявӣ то ба имрӯз Файзобод мудом ҷойҳои ифтихориро сазовор мешавад ва мукофоту инъом мегирад. Номҳои санъаткорони варзидаи Тоҷикистон шодравонҳо Дӯстмурод Алиев ва Нигина Раупова, сарояндаҳои хушзавқ Муҳаррама Шарифова ва Малика Сидова илҳомбахши завқу салиқаи ҳунарварии ҳаваскорони санъати диёр аст. Чаро нагӯем, ки суруди зиндаёд Дӯстмурод Алиев аз саҳнаи ҳамин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ боли парвоз кушод. Муҳаррама Шарифоваро низ саҳнаи азназаргузарониҳои эҷодиёти халқ боло-боло бардошту ба унвони давлатии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сазовор гардонд. Дар омади гап гӯем, ки Муҳаррама Шарифова ба эҳтироми санъати ҳамдиёрони хеш ба тамошои баромади файзободиҳо омад. Ва хурсандии худро аз ҳунарнамоии онҳо самимона изҳор кард.
Мегӯянд, ки ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд. Дар баргузории даври ибтидоии озмун ҳайати ҳакамон ба суруди ҳаҷвӣ ва бадеҳа эрод гирифта буданд. Аз ҷониби мутасаддиёни озмуни ноҳиявӣ ин эрод ба хушӣ қабул карда шуд. Ва бо кӯшиши мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошариф ва ҳамдиёри азизи мо, актёри Театри давлатии академикӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ Қиёмиддин Чақалзода иҷрокунандагон ва сурудҳои ҳарду бахш иваз шуданд. Ин тағйиротро раиси ҳакамон Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов муваффақияти дастаи ҳунарӣ эълон дошт. Абдухолиқ Мирзоев, Абдуҷаббор Сулаймонов, Бахтиёр Исмоилов ва хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 Муниса Иброҳимова нақшҳои худро ба дараҷаи олӣ иҷро карданд.
Ҳаваскорони санъати Файзобод дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб - 2014” аз дувоздаҳ бахш 118,5 хол ба даст оварданд, яъне ба ҷуз суруди якка ва ҳамсароён (хори умумӣ) дар ҳамаи шартҳо ба даҳ хол сазовор шуданд. Суруди якка (“Таронаи нур”, шеъри Мирзо Турсунзода, оҳанги Миратулло Атоев) аз забони хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 Анораи Азиз садо дод. Ҳакамон дар даври аввали озмун маҳорати Анораро даҳ хол баҳогузорӣ карда буданд. Бояд эътироф кард, ки Анора истеъдоди баланди сарояндагӣ дорад. Ҳакамон ӯро, агар хоҳиш дошта бошад, ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов тавсия додаанд. Он рӯз дар садои Анора хастагӣ мушоҳида гардид, мазмун, Анораро толори калон ба ҳаяҷон овард. Анора набояд рӯҳафтода шавад, ки дар озмуни рӯзи 4 август соҳиби холи баланд нашуд. Зеро ба ӯ бахти баланди иштирок дар гулчини барномаҳои ҳунарӣ, ки рӯзи 20-уми август дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, насиб гардид. Ҳамин чиз худ эътирофи ҳунари Анора буда, аз ояндаи неки ӯ дар ҷодаи ҳофизӣ башорат медиҳад. Ба хоҳари азизамон Анораи Азиз ҷуръати мардона орзу мекунем!
Даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб - 2014” рӯзи 19-уми август ҷамъбаст мегардад. Аллакай нисфи зиёди ғолибони даври аввал барномаҳои консертии худро намоиш дода холҳои баланд гирифтанд. Мо ноумед намешавем, ки ҳаваскорони санъати диёрамон ба яке аз се ҷойи ифтихорӣ соҳиб нагардад.
Ҷўрабек МУЪМИН.