САҲИФАИ АСОСӢ
БА КӢ ГӮЕМ?!
- Подробности
- Категория: МИНБАРИ МУАССИСОН
- Опубликовано 03 Февраль 2020
- Просмотров: 5354
Хунукиҳои зимистони имсола дер омада бошад ҳам, сахт гирифт. Шамоли Файзобод ҳамарӯза “ҳамла” мекунад. Мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ. Афсӯс, на ҳама дар такя ба ин масал амал мекунанд. Гап сари он ки порсол ба хотири ташрифи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пиёдагарди маркази шаҳрак аз ду ҷониб сафолакпӯш гардонда шуд. Вале аз саросемагӣ буд, ё беҳунарии устоҳо, ки дере нагузашта чанд ҷои роҳрав вайрон шуд. Кӣ аз нав роҳро ба тартиб меорад?!
ЧАКАНДӮЗ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 03 Февраль 2020
- Просмотров: 2705
Дар солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эътироф шудани “Чакан” ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шаҳодати эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таъриху фарҳанги бостонӣ мебошад.
КАТС КИТОБХОНА ДОРАД
- Подробности
- Категория: ТИБ
- Опубликовано 03 Февраль 2020
- Просмотров: 1504
Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардум соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
МАХЗАНИ КАДРҲОИ КОРГАРӢ
- Подробности
- Категория: МАОРИФ
- Опубликовано 03 Февраль 2020
- Просмотров: 3164
МДТ Литсейи касбии техники ноҳия дар асоси Қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 11 июли соли 1959, №285 таъсис дода шуда, давоми 60 соли фаъолияташ ин даргоҳи хунарро зиёда аз 14500 нафар мутахассисон аз рӯи зиёда аз 20 ихтисос хатм карданд. Давоми шаст сол дастпарварони ин даргоҳи ҳунар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҳалқи мамлакат пурсамар фаъолият менамоянд. Депутати Совети Олии кишвар, муовини раиси Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Бибигул Каримова хатмкардаи ҳамин махзани касбу ҳунар аст.
"САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА" АЗ ОҒОЗИ СОЛ БА ОН ОМОДАГӢ БОЯД ДИД
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 03 Февраль 2020
- Просмотров: 2643
Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки ҳамасола дар кишварамон баргузор мешавад, пеш аз ҳама ҳадафи он барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ равона гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
ШУЪБАИ ҶАРРОҲӢ НАВСОЗӢ ГАРДИД
- Подробности
- Категория: ТИБ
- Опубликовано 03 Февраль 2020
- Просмотров: 1433
Масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар маркази таваҷҷуҳии ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст, зеро ояндаи босаодати ҳар миллат ва пойдории он аз сиҳатии сокинонаш вобастагии калон дорад.
БАҲРА БАРДОШТАНД
- Подробности
- Категория: СИЁСАТ
- Опубликовано 03 Февраль 2020
- Просмотров: 2751
Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар саросари кишвар омӯхта мешавад. Аҳолӣ аз пешравиҳои Тоҷикистон дар солҳои гузашта ва ниятҳои бузурги давлату ҳукумат дар бобати баланд бардоштани шароити зиндагии хеш огоҳ мегарданд. Воқеан, чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуданд.
ҚАНОАТМАНДИИ САРДОРИ ДАВЛАТ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 03 Февраль 2020
- Просмотров: 1851
«Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастирӣ мекунем».
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. ш. Душанбе 26.12.2019)
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири масъалаҳои асосии тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисоди кишвар ва сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати мамлакат аст. Бо мақсади ҳамаҷониба ба мардум расонидани муҳтавои Паёми имсола дар асоси нақшаи чорабиниҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои корӣ ташкил гардида, бо мардум вохӯриҳо доир мегарданд. Ба ин гурӯҳҳо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва бахшҳои алоҳидаи мақомоти маҳаллӣ шомиланд. Гурӯҳе, ки ба он муовини раиси ноҳия Н.Раҷабова роҳбарӣ менамояд, қариб дар тамоми деҳаҳои Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд вохӯриҳо гузарониданд. Чуноне ки ба мо иштирокчии имсолаи Маҷлиси Паёми ироанамудаи Президенти мамлакат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Г. Халифаева иттилоъ дод, дар ин вохӯриҳо ӯ чун сарвари бонувони диёр асосан ба масъалаҳои кору фаъолияти занону духтарон, ки Пешвои миллат бевосита дар Паёмашон ишора намуданд, изҳори назар кардаанд. Воқеан, Сардори давлат дар Паём аз ҷумла қайд кардаанд: «Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлатию роҳбарӣҷалб мекунем. Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд».
ТАШАББУСИ СОҲИБКОР
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 03 Февраль 2020
- Просмотров: 2166
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии маишӣ ба сокинони маҳал ва сайёҳону роҳгузарон дар шафати роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Рашт ҳудуди деҳаи Мискинободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод аз ҷониби соҳибкор Дилшод Холов ҳаммоми замонавӣ, ошхона, сартарошхона ва кошонаи ҳусн бунёд гардид. Раиси ҷамоати деҳоти мазкур А. Шоев гуфт, ки ташаббуси соҳибкор ҷиҳати корҳои ободонӣ ба муносибати таҷлили сазовори сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар сохта ба истифода дода шуд.
“НФ”.