Вт11052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БАҲРА БАРДОШТАНД

Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар саросари кишвар омӯхта мешавад. Аҳолӣ аз пешравиҳои Тоҷикистон дар солҳои гузашта ва ниятҳои бузурги давлату ҳукумат дар бобати баланд бардоштани шароити зиндагии хеш огоҳ мегарданд. Воқеан, чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуданд.

Дар ҷамъомаде, ки бо иштироки сокинони шаҳрак ва намояндагони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар театри халқии ноҳия гузашт, намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода нуқтаҳои муҳимтарини Паёми Президенти кишварро шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Давоми ҳафтаи гузашта бошад, гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маҳаллаҳои маркази ноҳия доир ба Паёми президент бо аҳолӣ суҳбатҳо гузаронданд. Вохӯриҳо бо иштироки мудири бахши иҷтимоиёт ва робита ба ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия С. Нурзода, раиси ҷамоати шаҳраки Файзобод С.Раҷабзода, сардухтури ноҳия Ф. Зубайдов ва намояндаи бахши ноҳиявии кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон А. Давлатов дар кӯчаҳои Ҷомӣ, Чинаӣ, Зебунисою Айнӣ ва Саид Ҷалол хотирмон гузашт.

Абдусаттор ГУЛОВ,

котиби Ҷамоати шаҳраки Файзобод.