САҲИФАИ АСОСӢ
ГУРГЗОДА ОҚИБАТ ГУРГ ШАВАД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 05 Сентябрь 2019
- Просмотров: 1456
Терроризм ва экстремизм тайи чанд соли охир ҳамчун як хатари глобалӣ ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Зиёд гардидани шумораи ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта боиси вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ ва ҷалби насли ҷавон ба сафи гуруҳҳои террористӣ гардидааст.
НБО РОҒУН-ИМРӮЗУ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 05 Сентябрь 2019
- Просмотров: 1400
Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азизамон шодию хурсандии мардум ҳадду канор надорад. Хурду калон ба истифодадиҳии чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии Роғунро, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта мешавад, интизоранд. Ин рӯйдоди таърихӣ 9 сентябр ба амал меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, поягузор ва бунёдгузори давлати тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора бо ифтихор мужда дод.
МО СОҲИБИХТИЁРЕМ!
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 05 Сентябрь 2019
- Просмотров: 1366
Вожаи Истиқлолият моро ба андеша мекашад, то дарк кунем, ки он чӣ чиз асту чӣ медиҳад. Ҳафтод сол зери байрақи соҳибихтиёрӣ зиндагӣ кардем. Вале соҳибихтиёрии мо, тоҷикистониҳо, нисбӣ буд. Москваро гӯш мекардем, аз ӯ мепурсидем, ки фалон корро чӣ навъ оғоз кунему чӣ тарз ба анҷом расонем. Чунки мо фарогири СССР – Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ будем. Ҳамеша ду парчам меафрохтем: Парчами СССР ва Парчами Тоҷикистон .
НАҲЗАТИЁНИ МАҒЗШУЙ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 04 Сентябрь 2019
- Просмотров: 1290
Агар саҳеҳтар назар афканем, пушида нест, ки ҳадафи асосии ин ҳизб аз байн бурдани давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад. Саркардагони ҳизби мазкур мехоҳанд дар доираи як мазҳаб ё як равияи ба мо бегона давлати худро бунёд кунанд. Яъне даъвои аслии инхо ин аст, ки бояд дар Тоҷикистон ҳамин гуна як давлати ба андешаи онҳо исломӣ бунёд карда шавад. Онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки мафҳуми давлати демократӣ-дунявиро ҳамчун як мафҳуми зиддидинӣ муаррифӣ намоянд.
ҶАВОНОНРО ХУДШИНОС ТАРБИЯ НАМОЕМ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 04 Сентябрь 2019
- Просмотров: 1302
Бархурди андешаҳову рушди бемайлони технологияи коммуникатсионӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ намегузорад, ки шахсе ё гуруҳе бидуни дахолат вобаста ба ин ё он руйдод дар ҷомеа кору фаъолият кунад. Сабабу оқибатҳои даргириҳои динию мазҳабиву нажодӣ дар мамолики Мисру Фаластину Сурияву Ироқ ва Покистону Афғонистони ба мо ҳамсоя имрӯз наинки мардуми ҷангзадаи мамолики зикршударо балки кулли сокинони сайёраро ба таҳлука гирифтор кардааст. Чун оина рушан аст, ки дар меҳвари асосии ҳамаи ин даргириҳо кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳ меистанд. Ва бо ин аъмоли хеш ҷилва медиҳанд, ки молику ҳукмрони аслии сайёра онҳоянд.
МАЪЛУМОТНОМА ОИД БА ИҶРОИ БУҶЕТИ МАҲАЛЛИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2019
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 14 Август 2019
- Просмотров: 2137
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 ба қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти маблағҳои мақсадноки аз буҷети ҷумҳуриявӣ воридгашта, ба ҷои 25367737 сомонӣ, 25658482 сомонӣ ё ба андозаи 101 фоизи нақша маблағҳо ворид шудаанд, ки аз нақша ба маблағи 290745 сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4546556 сомонӣ зиёд аст.
ОЗМУНИ "МХҶ-М БЕҲТАРИН"
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 14 Август 2019
- Просмотров: 1445
Дар нохияи Файзобод бо дастгирӣ ва сарпарастии БҶИИМК Хазинаи Оғохон дар минтакди Рашт гузаронида мешавад.
ЭЪЛОН – МУЗОЯДА
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 14 Август 2019
- Просмотров: 1576
Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Файзобод музоядаи 1-умро оиди фурӯши моликиятҳои давлатӣ тибқи «Низомномаи тартиби фурӯши моликиятҳои давлатӣ» 9-уми августи соли 2019барпо менамояд.
Э Ъ Л О Н – О З М У Н
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 14 Август 2019
- Просмотров: 1417
Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Файзобод барои ба иҷора додони моликиятҳои коммуналии ноҳия рӯзи 9-августи соли 2019 соати 1000 озмун эълон менамояд.