Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ШУКРУЛЛОИ РУБОБӢ

Рубоб - сози қадимаи мусиқии халқи тоҷик буда, овози рӯшану дилошӯб ва гӯшнавоз дорад.

Ана, ҳамин овози дилошӯбу гӯшнавоз ба торҳои дили кӯчаку нозуки Шукруллои 10-сола нохун заду ӯро ба даргоҳи ҳунар, мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев овард.

Бори аввал ӯ рубоби бадахширо ҳангоми иҷрои оҳанге дар дасти устодаш Файзалӣ Шамсов дида мафтунаш шуд ва дигар натавонист, ки аз ин сози мусиқӣ дил биканад. Баъди гузаштан аз имтиҳони қабул, бе ягон дудилагӣ ӯ навохтанро дар рубоби бадахшӣ ихтиёр кард. Дастону ангӯштони резааш дар пардаҳои рубоб ба хубӣ намерасиданд, вазни асбоб гарониаш мекард, зуд монда мешуд, вале ҳамаи ин натавонист садди роҳи ӯ шаванд. Зеро  ҳавову ҳаваси зиёди навохтан ва омӯхтани нозукиҳои он ҳеҷ оромаш намегузошт. Чанд борҳо рубоб дар бағалаш хобаш бурд ва дар хоб худро дар саҳнаҳои калони консертӣ дида боз ҳам бо ҷидду ҷаҳди беандоза аз пайи амалӣ гаштани орзуҳояш гардид. Кӯшиш мекард, ки ба дарсҳо дер намонаду пайваста машқ кунад.

Меҳнату заҳматҳои кашида имконаш доданд, ки дар саҳнаҳои калон ҳунарнамоӣ карда бо чеҳраи зебову ҳаракатҳои ба худ хосаш маҳбуби тамошобин гардад.

Соли 2017 бо ибтикори Муассисаи давлатии телевизионии «Сафина» дар сар то асри ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни «Бӯстон» баргузор гардид ва бори аввал Шукрулло дар толори тамошои филармонияи халқӣ бо навои «Гул бо домон» дар ҳузури ҳакамону тамошобинон баромад намуда сазовори таҳсину офаринҳо гардид. Бастакори маъруфи тоҷик Амирбек Мӯсоев, ки ба ҳайси раиси ҳакамони фестивал-озмун дар толор ширкат меварзид, ба ҳунараш баҳои баланд дода аз ояндаи дурахшони ӯ дарак дод.

Соли 2018 дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» дар бахши навозиши якка ба гирифтани 10 хол мушарраф гардид, ки ба ҳунари баландаш раиси ҳакамон, номзади илмҳои таърих, дотсент, рубобнавози машҳур Аббакр Зубайдов аҳсант хонд.

Ҳамчунин Шукрулло дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навозандагони ҷавон» дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ,  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасон «Сапеда» дар толори Филармонияи кӯдаконаи шаҳри Душанбе, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар театри Ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва дар барномаи лоиҳаи озмуни «Парвин»-и телевизиони «Баҳористон» баромад намуда, ба даври дуюми он роҳхат гирифта ба як қатор диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳо лоиқ дониста шудааст.

Мо бо ӯ мефахрем ва барояш барор мехоҳем, барор дар таҳсил, дар эҷодиёт, дар истеъдоди сирф зотӣ.

М.ҲАБИБУЛЛО.