САҲИФАИ АСОСӢ
ХИТОБ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 05 Июль 2019
- Просмотров: 1462
Ҳар касе, ки даҳ соли охир ба пойтахти азизи кишвармон шаҳри Душанбе нарафта бошаду имрӯз равад, бешубҳа ангушти ҳайрат мегазад. Зеботарину диққатҷалкунандатарин биноҳои даҳ сол пеш ҳоло пастаку ночиз менамоянд. Садҳо биноҳои ба фалак саркашидааз бузургию ҳашамати даврони соҳибистиқлолии Ватан шаҳодати воқеӣ медиҳанд.
ВАҲДАТ – ҲАМ НЕЪМАТ, ҲАМ ИҚБОЛ ВА ҲАМ БАХТУ САОДАТ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 05 Июль 2019
- Просмотров: 1380
Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ин ҳуҷҷат моҳияти як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд. Он рӯз ашки шодӣ дар чашми азизон ҳувайдо буд, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Барои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон алҳол неъмати беҳтарин ва бебаҳотарин сулҳ аст. Аз ин рӯ сулҳ ҳам неъмат аст, ҳам иқбол аст, ҳам бахту саодат.
ТОҶИКИСТОН АЗИЗИ МОСТ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 05 Июль 2019
- Просмотров: 1451
Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ доир мегарданд, ки якеашон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад.
Тоҷикистон барои ҳар як сокини ватандӯст азизу муътабар аст. Меҳри он дар қалби зодагонаш ҷой гирифтааст. Ин меҳр аз васфу тараннуми Ватан ҳувайдост.
ВАҲДАТИ ШУКУФТАНҲО
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 05 Июль 2019
- Просмотров: 15094
Арафаи иди Ваҳдати миллӣ буд. Дарси навбатӣ ҳам то андозае ба ин мавзӯъ вобастагӣ дошт. Яке аз шогирдон маънои вожаи «Ваҳдат»-ро аз ман пурсон шуд. Пас аз шарҳи васеи ин калима диққати ӯ ва аҳли синфро ба нооромиҳои солҳои навадуми асри гузашта ва истиқрори сулҳи тоҷикон ҷалб намудам. Табиист, ки шогирдони ман дар он солҳо таваллуд нашуда буданд, шояд падару модарони бисёре аз онҳо 12-15-сола буданд. Худи ман, ки фаъолияти омӯзгориам акнун ба ёздаҳсолагӣ мерасад, дар солҳои даргириҳои кишварамон хонандаи зинаи поёнии таҳсилот будам. Ҳар чизе, ки аз он рӯзҳои талх медонем, аз саҳифаҳои китобҳои таърих ва рӯзномаю маҷаллаҳост.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ЧАШМАСОР
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 05 Июль 2019
- Просмотров: 14335
Баргузории иду ҷашнҳо дар марказҳои Ҷамоатҳои деҳот анъана шудааст. Аз ҷумла таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Ғалаба дар маркази деҳоти Қалъаидашт ва иди Ваҳдати миллӣ дар Мискинобод соли гузашта то дерҳо дар хотираҳо нақш баст. Имсол бошад дирӯз таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар деҳоти Чашмасор баргузор шуд. Саҳни муассисаи таълимии деҳаи Дурахшон ҷойи баргузории чорабинии ноҳиявӣ интихоб шудаву сокинони ҷамоати мазкур ба он омодагии махсус дидаанд. Баробари намоиши дастранҷи меҳнатии сокинони ҷамоат ҳамчунин ҳунарҳои мардумии онҳо манзури меҳмонону ҳозирин гардонида шуд.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 05 Июль 2019
- Просмотров: 14425
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди навбатии иди Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони ноҳия табрик мегӯям.
Иди Ваҳдати миллӣ зодаи даврони истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои давлатдории тозаи миллӣ буда, дар он орзую омоли халқамон таҷассум ёфтааст.
ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ АМАЛИ НОШОИСТА
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 15 Май 2019
- Просмотров: 1182
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст,терроризм ва ифрогароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад.
Дар ҳар сурат терроризм падидаи манфӣ, ҷурм ва бар зарари ҷомеа, давлату шаҳрвандон мебошад,Дар ягон давр терроризмро омма, шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд.
ИҚДОМИ НАҶИБ ВА АМАЛИ ХАЙР
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 15 Май 2019
- Просмотров: 1341
Ба ойини ҷавонмардӣ содиқ монда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 кӯдаке, ки падару модаронашон замони пайвастан ба гурӯҳи террористиву экстеремисти Давлати исломии Ироқу Сурия бо худ бурда буданд, тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ ба Тоҷикистон шоми 30 апрели соли 2019 баргардониданд. Дар ин бора аз сомонаи АМИТ «Ховар» маълумот гирифта, басо ба ҳаяҷон омадам. Бе шубҳа, баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
ЭЪЛОНИ МУЗОЯДА
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 10 Май 2019
- Просмотров: 1601
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Файзобод музояда оид ба фурӯши амволи баҳабсгирифташударо санаи 15-уми майи соли 2019 соати 10:00 дақиқа баргузор менамоянд.