Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ВАҲДАТ – ҲАМ НЕЪМАТ, ҲАМ ИҚБОЛ ВА ҲАМ БАХТУ САОДАТ

Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ин ҳуҷҷат моҳияти як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд. Он рӯз ашки шодӣ дар чашми азизон ҳувайдо буд, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Барои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон алҳол неъмати беҳтарин ва бебаҳотарин сулҳ аст. Аз ин рӯ сулҳ ҳам неъмат аст, ҳам иқбол аст, ҳам бахту саодат.

Иҷлосияе, ки роҳбарияти кишварро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, барномаи мукаммали аз буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани мамлакатро ба миён гузошт. Ин иқдом ваҳдату эҳёи миллиро фароҳам сохт, хатари парокандашавии Тоҷикистонро аз байн бурд.

Маҳз бо азму талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авзои сиёсию иҷтимоии кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард. Сулҳу ваҳдати тоҷикон, таҷрибаи он барои тамоми дунё намунаи ибрат ва мавриди омӯзиш гардид. Ва имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро кулли мамолики ҷаҳон мешиносанд.

Озода ДАВЛАТОВА, коргузоридастгоҳи раиси ноҳия.