Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ АМАЛИ НОШОИСТА

 

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст,терроризм ва ифрогароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ  ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад.

Дар ҳар сурат терроризм падидаи манфӣ, ҷурм ва бар зарари ҷомеа,  давлату шаҳрвандон мебошад,Дар ягон давр терроризмро омма, шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳдкардаи душманони миллат нишон медиҳад,ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна бо ин сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду   дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд,дар паноҳи дигарон ҷой гирифта,аз каноре айбҷӯиву харобакориро пешамекунанд.Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ,ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда,амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ медиҳанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд,яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зада аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан қарз, масъулият,шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносии  миллӣ аст.

Дар акси ҳол,надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг ташвиқоту тарғибот гаълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест,ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда ба амалхои зиштва хавфноки худ даст  мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ни гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад.ки сатхи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ,таълиму тарбияи нокифояи насли наврас,хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулият рисолати шаҳрвандӣ,истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таьсири қуввақои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқдисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар,хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан  ба мақсад хеле мувофик  аст.

Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар,омӯзгорон,мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст,ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем,бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ,ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Барои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар вақти таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқ ва корҳои тарбиявию беруназсинфӣ дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон эьтибори ҷиддӣ додан  зарур аст.

Барои саҳми арзандаи ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат роли басо калон мебозад.Сарвари давлат ба ҷавонон эҳтироми самимӣ дошта, ҳамзамон ба нерую қобилияти зеҳнӣ,лаёқати ташкилотчигии онҳо эътимоду боварии калон дорад.

Бинобар ин ҷавонон ва аҳли ҷомеа сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат,Асосогузори  сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нагашта баҳри болобурди  арзишхои миллӣ, таҳкими сулҳу суббот саҳмгузор бошем.

Ф. Мирзозода. судяи суди ноҳия.

Зоирзода Н.Т., ёрдамчии раиси суди ноҳия.