САҲИФАИ АСОСӢ
ЯРМАРКАИ КИШОВАРЗОН ДАР ДУШАНБЕ
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 10 Май 2019
- Просмотров: 2017
Дар арафаи моҳи шарифи рамазон рӯзҳои 3, 4, 5 дар шафати бинои театри опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе бозори маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия баргузор шуд.
Кишоварзони ноҳия гӯшт, тухм, оби маъдании «Файзобод», картошка, пиёз, сабзӣ, лӯбӣ, нахуд ва маҳсулотҳои шириро бо нархҳои барои сокинони Душанбешаҳр дастрасро пешниҳод карданд.
Харидорон аз сифати баланди маҳсулотҳои кишоварзони ноҳия қаноатмандӣ зоҳир карданд.
С.ТИЛЛО.
ЯК МИЛЛИОН-ТЕЪДОДИ ХОНАНДАГОНИ WWW.NABZIFAYZOBOD.TJ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 10 Май 2019
- Просмотров: 1316
Дар ҳаёти фарҳангии ноҳия боз як рӯйдоди наку сабт гардид. Рӯзи 5 апрели соли равон сафи хонандагони торномаи «Набзи Файзобод» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ба як миллион нафар расид. Яъне давоми се сол дар саросари олам як миллион нафар хонандагон аз кору пайкори созанда ва рӯзгори сокинони Вашгирди бостон огоҳӣ гирифтанд. Ин рӯйдодро барои ҳамдиёронамон муборак мегӯем.
«НФ».
ТУҲФА БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 10 Май 2019
- Просмотров: 1443
Дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба – 9 май ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокини деҳаи Ҳаймаҳмадии Ҷамоати деҳоти Бӯстон Маҳмадалӣ Табаров ва Ятим Табаров, сокини деҳаи Хоҷамарди Ҷамоати деҳоти Ҷавонон кӯмакпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ ба ҳар нафар ва туҳфаи раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода ба ҳар кадом иштирокчӣ 600 сомонӣ,инчунин ба Мурод Раҷабов ва Ҳалим Сангов, ки дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ меҳанти арзанда кардаанд, 350 сомонигӣ ва ба чор нафар маъюбони ҷанги Афғонистон - Файзалӣ Ғуломов, Акрам Ҷалилов, Раҳимбек Сафаров ва Дониёр Юсуфов ба маблағи 150 сомонигӣ мукофотпулӣ супорида шуд.
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 10 Май 2019
- Просмотров: 1406
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 апрели соли равон даври ноҳиявии озмуни «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 74-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ.
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 10 Май 2019
- Просмотров: 1304
Ҳамдиёрони азиз! Соли 74-ум аст, ки 9-уми май Рӯзи ғалаба бар ашадитарин душмани инсоният- фашизм дар саросари дунё ботантана таҷлил карда мешавад.
Бо вуҷуди гузаштани муддати тӯлонӣ осори ҷанг эҳсос мегардад. То ба имрӯз ҷароҳатҳои ин ҷанг аз дили инсоният нарафтааст. Ҳанӯз хам аз заминҳои захмини кишварҳои ҷангзада бомбаю снарядҳои натаркида – нишони рӯзҳои мудҳиш – пайдо мегарданд. Осори ин ҷанги даҳшатбор дар сарзамини Тоҷикистон низ то имрӯз эҳсос мешавад.
ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ АМАЛИ НОШОИСТА
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 02 Май 2019
- Просмотров: 1281
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст,терроризм ва ифрогароӣ мебошад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад.
КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2019-2020 ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО ЭЪЛОН МЕДОРАД.
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 22 Апрель 2019
- Просмотров: 1395
Дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) довталабон аз рӯи ихтисосҳои зерин:
ЧАРО ҶАВОНОН АЗ ХИЗМАТ МЕГУРЕЗАНД?
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 22 Апрель 2019
- Просмотров: 1591
Ин суолест, ки ҳамарӯза посухи худро меҷӯяд. Мутаассифона, ҷавоб гирифтан ба он амре маҳол гардидааст. Охир махз тавасути ҳамин ҷавонмардии ҳомиёни Ватан сулҳу субот ва оромию осоиштагии фазои Тоҷикистони соҳибистиклоламон қавию симои он рӯз аз рӯз зеботару ободтар мегардад. Аз ин хотир ҳар яки мо бояд ба он бикӯшем, ки чун фарзандони бо нангу номус ва фарзонаи миллат ба воя расему сазовори ин обу хок бошем.
МОДАРИ ГУЛДӮСТДОРАМ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 22 Апрель 2019
- Просмотров: 1424
Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигиристам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?
Оре! Модар, ман боз ба наздат омадам, гарчанде маро намебинию намешунавӣ. Ғами диламро сари мазорат омада мегӯяму сабук шуда боз роҳ ба сӯи хонаат мемонам.