ХАБАРҲО
КОРХОНАҲОИ ХУСУСИШУДА КАЙ ФАЪОЛ МЕГАРДАНД?
- Подробности
- Опубликовано 22.04.2019 15:38
Яке аз омилҳои асосии таъмин намудани талаботи мавриди ниёзи мардум бо молҳои истеҳсоли ватанӣ, рушди бемайлон ва ҳамаҷонибаи соҳаи иқтисодиёти кишвар ба раванди хусусигардонии корхонаҳои хурду миёна дар миқёси кишварамон вобастагӣ дорад.
Зиёдшавии шумораи корхонаву иншоотҳои хурду миёнаи хусусӣ ба он оварда мерасонад, ки шумораи зиёди одамон ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, аз тарафи дигар мардум ба молу маводи худӣ таъмин шудаву буҷаи маҳал ғанӣ гардида, саҳми онҳо дар ободии маҳаллу диёр низ ба чашм хоҳад расид. Масъалаи мавриди зикр дар ноҳияи мо ҳам бо таваҷҷуҳи беш аз пеши масъулин қарор дорад. Шумораи соҳибмулкони иншоотҳои хусусигардонидашуда қариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия рӯз то рӯз зиёд мегардад. Вале мавриди нигаронӣ аст, ки як қисмати зиёди соҳибмулконе, ки корхонаву иншоотҳои зиёдеро хусусӣ гардонидаанд, бо пеш овардани сабабҳои гуногун муддатҳои зиёд аст, ки аз фаъолият мондаанд ё то ҳол фаъолият намекунанд. Шумораи чунин корхонаву иншоотҳо аз фаъолият мондаи хусусишуда дар ноҳияамон ба 66 адад мерасад. Ҳол он ки дар сурати фаъолияти муназами ин корхонаву иншоотҳо сафи бекорон кам гардида, ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
Вақте ки ба соҳибмулк Нозимов Зафар дар хусуси сабабҳои то ба ҳол ба фаъолият оғоз накардани мурғхонаи деҳаи Сари сафедхок мусоҳиб гардидем, ӯ омилҳои зиёдеро барои оғози фаъолияти корхонаи мазкур номбар кард. Воқеан ҳам, сохтмони бинои корхонаи мурғпарварӣ, ки замони харидории Нозимов Зафар 30 дар сади корҳои сохтмонияш ба анҷом нарасида буд, то ба имрӯз нотамом мондааст, чи тавре панҷ сол пеш дар ин хусус нашрияи мо навишта буд. Тавре ба чашм мерасад соҳибмулк панҷ гектар заминҳои атрофи корхонаро аз санг тоза карда дар ду гектар боғ бунёд намудаву дар се гектари он нахуд коридааст. Корҳои сохтмони бинои корхона бошад, мувофиқи эътирофи худи соҳибкор то ба мавриди дарёфт кардани қарзҳои имтиёзнок мавқуф гузошта шудааст.
Ҳамин ҳолатро дар кори корхонаи хурди мевахушккунии Ҷамоати деҳоти Меҳробод низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ин иншоот ҳам то ҳол бо қудрати мавҷудааш фаъолият намекунад. Соҳибмулк Давлатов Абдуғафор дар мавриди фаъолият надоштани корхонааш иброз дошт, корхонаи мазкур дар давраи шӯравӣ бо иқтидори пуррааш кор мекард. Аммо аз сабаби ба талаботи имрӯза мувофиқ набудани дастгоҳҳои дар он насбшуда пурра фаъолият карда наметавонад. Дар корхонаи мазкур соли гузашта танҳо як тонна меваро дастӣ хушк кардаасту халос. Ҳол он ки ин корхона чанд даҳсола пештар маҳсулоти қариб тамоми ноҳияро коркард менамуд.
Дар як гектар замини ҳудуди корхона боғ бунёд намудаанд.
Корхонаи дигаре, ки мувақатан фаъолияти худро қатъ намудааст заводи хиштбарории Файзобод аст. Зимни суҳбат намояндагони масъули завод иттилоъ доданд, ки дар наздиктарин муҳлат заводи номбурда бо истифода аз дастгоҳҳои нави хиштпазӣ ба кор оғоз хоҳанд кард. Кош чунин бошад!
Аксари соҳибмулкон барои барқарор намудани корхонаҳо ва ё дигар намудани самти фаъолияти корхона ва ба шароити имрӯзӣ мутобиқ намудани онҳо набудани маблағи кофиро сабаб пеш меоранд. Ба ақидаи мо пеш аз ҳама набудани масъулият пеш нарафтани кор дар ин самт боис гаштааст.
Хулоса, бо вуҷуди он ки соҳибкорон ва соҳибмулкон то ба ҳол ба фаъолият оғоз накардани иншоотҳои дар ихтиёрбудаашонро бо ин ё он сабабҳо вобаста медонанд, бояд онҳо масъулияти зарурати ба фаъолият пардохтани коргоҳҳояшонро ҷиддитар дарк намоянд. Зеро тибқи ҳисобҳои бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия танҳо истифода накардани заминҳои дар ихтиёри корхонаю иншооти то ба ҳол ба фаъолият оғоз накарда, зарари хеле зиёдеро ба бор меорад.
Пас ҳамаи соҳибмулкони марбут бо ҳамин 66 иншооти фаъолият надоштаро эҳсоси масъулияти баланди ватандорӣ зарур аст, ки аз пайи дар наздиктарин муҳлат ба фаъолият сар кардани коргоҳҳояшонро ба роҳ монанд.
Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия бо мақсади таъмин намудани талаботи мавриди ниёзи мардум бо молҳои истеҳсоли ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва таъкидҳои пайвастаи раиси ноҳия дар ҷаласаҳои назоратӣ соҳибмулкони иншооти хусусишудаи ноҳияро огоҳ менамояд, ки бояд дар муддати се моҳ (то 1 июли соли 2019) вобаста ба ислоҳ кардани камбудиҳо ҷиҳати барқарор ва тибқи таъинот истифода бурдани корхона, инчунин мувофиқи мақсад истифода бурдани қитъаҳои замини вобасташуда чораҳо андешанд.
Дар сурати барқарор накардани корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замин, масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи замин дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада мешавад.
Зеро тавре дар Паёми имсолаи Сарвари давлат таъкид гардид, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад.
Аз ин хотир барои амалӣ гардидани ҳадафи мазкур ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда талаботи рӯз мебошад.
Қурбонов Зариф,
мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва
идораи амволи давлатии ноҳия.
Ҳ. Бузург, хабарнигори «НФ».