ИҶТИМОЪ
МОДАРИ ГУЛДӮСТДОРАМ
- Подробности
-
22 Апр 2019
- Опубликовано 22.04.2019 15:48
Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигиристам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?
Оре! Модар, ман боз ба наздат омадам, гарчанде маро намебинию намешунавӣ. Ғами диламро сари мазорат омада мегӯяму сабук шуда боз роҳ ба сӯи хонаат мемонам.
Ай модар! Чунон шуморо ёд кардаам, ки…
Шумо рафтеду тамоми шодии дунёро бо худ рабудед, модари меҳрубону ғамгусори ман.
Модари ман хислати хубе дошт, ки касеро озор намедод. Ӯ барои келинҳои ҳамсоя «холаҷон», барои кӯдаконашон бошад буд. Ба ҳама дасташ мерасиду маслиҳат медод. Модари нозанину нуронӣ, сутуни хонадон, маслиҳатчию дӯсти беҳтарини ман.
Вақте ки дар танҳоӣ чашм мепӯшам, садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте ки чашм мекушоям, ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам аст.
Шуморо ёд кардам модарҷон! Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил будааст бемодарӣ!
Мо, фарзандон, чӯҷаҳаконе будем, ки зери қаноти гарму нарму рӯҳафзои модар бузург шудем ва зери қаноти модар парфишон шудем ва бо панду насиҳатҳои модар дар зиндагӣ ҷои худро ёфтем. Инсон баъди раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қиммати ӯро хубтар дарк мекунад.
Модар! Боз баҳори гулафшон шуд. Ин фаслро модарам бисёр дӯст медошт. Бо як шодию хурсандӣ 20 март, ки рӯзи таваллуд дошт, фарзандонашро бесаброна интизорӣ мекашид, чунки фарзандонаш ва набераҳои дӯстрӯякаш аз роҳи дур ба дидорбинии модар меомаданд. Инак, 4 сол сипарӣ мешавад, ки ин дунёро реҳлат кардию рафтӣ, вале имрӯз боз мисли ҳамеша фарзандон ҷамъ омада, ёди шуморо мекунанд. Чунки шумо рӯзи таваллуд доред.
Эй модари ҷон, ба гирди дастурхонат,
Мо ҷамъ шавем ҷумла фарзандонат.
Гар ҷамъ шавем, хотират ҷамъ шавад,
Дарбеҳ бишавад пораҳои ҷонат.
Вале афсӯсу дареғ, ки ин ҳама шодиву нишот ва он ҳама орзуву умедҳое, ки модарам дар дили худ дошт, бо ҷисму наҳифи зебо зери хоки тира бурд.
Гарчанде ман худ модарам, вале ба ин нигоҳ накарда касе «Модар» гӯяд, дилам гум мезанад, ашки чашмнамро дошта наметавонам.
Модарҷони азиз! Илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили охиратат ободу пурнур бошад!
Аз роҳи мазори туст дигар роҳи ман,
Аз банди хуморат саҳару бегоҳи ман.
Ҳамчун дили мо ҷойи нишастат холӣ,
Ҷойи қадамат оча, зиёратгоҳи ман.
Духтари ҷигарбандат Майсара Орифова.