Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ТУҲФА БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

Дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба – 9 май ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокини деҳаи Ҳаймаҳмадии Ҷамоати деҳоти Бӯстон Маҳмадалӣ Табаров  ва Ятим Табаров, сокини деҳаи Хоҷамарди Ҷамоати деҳоти Ҷавонон кӯмакпулии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ ба ҳар нафар ва туҳфаи  раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода ба ҳар кадом иштирокчӣ 600 сомонӣ,инчунин ба   Мурод Раҷабов ва Ҳалим Сангов, ки дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ меҳанти арзанда кардаанд, 350 сомонигӣ ва ба чор нафар маъюбони ҷанги Афғонистон - Файзалӣ Ғуломов, Акрам Ҷалилов, Раҳимбек Сафаров ва Дониёр Юсуфов ба маблағи 150 сомонигӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

Туҳфаҳои молиро ба собиқадорони ҶБВ сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода ва раиси ноҳия  Раҷабзода Миралӣ тақдим намуданд.

С.ТИЛЛО.