Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси олии кишвар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сари масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа изҳори назар карданд.

Тавре   маълум аст, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун маҳсуб меёбад.

Аз ин хотир Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсолаи хеш қайд карданд, ки «Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009-2019 зарур аст, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нави таълимӣ таҳия ва қабул карда шавад. Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Бо ин мақсад, Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд».

Ин таъкид саривақтист.

Нуқтаи дигаре, ки ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ   Сарвари давлат таваҷҷуҳи бештар намуданд,   доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир мебошад. Зеро шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона то ба имрӯз   паст нагардидааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Мебояд аҳли ҷомеа диққати асосиро ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ равона созанд. Пеш аз ҳама бояд огоҳ буд, ки террористон киҳоянду мақсади асосии онҳо дар чист?

Имрӯз даҳшати амалҳои террористиро дар давлатҳои Шарқ ҳамарӯза мушоҳида мекунем. Амали нопоки онҳо ҳамарӯза дар кишварҳои ҳамсоядавлатҳои Афғонистон, Покистон, ҳамчунин Сурия, Ироқу Лубнон, дар давлатҳои Аврупо низ   ба чашм мерасанду ҷони садҳо инсонҳои бегуноҳро аз байн мебаранд. Ин амали ношоистаи онҳоро ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба уҳдаи худ мегиранд. Афсӯс, ки   гаравидан ба гурӯҳҳои террористӣ солҳои охир аз ҷониби сокинони ноҳияи мо низ ба чашм мерасад. Айни ҳол беш аз панҷоҳ нафари онҳо дар сафҳои гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломии Ироқу Шом» меҷанганду аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ, ки дар кишвари мо фаъолияташ мамнуъ эълон гардидааст, маҳсуб меёбанд.

Аз ин хотир пешгирии шомилшавӣ ҷавонон ба сафи ин гуруҳҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар узви ҷомеа мебошад. Дар робита ба ин зарур аст, ки мунтазам вохӯриҳоро бо ҷавонону наврасон бо хизматчиёни ҳарбӣ, фаъолони ҷомеа ташкил карда, дар қалби онҳо ҳисси ватандӯстиву ватанхоҳӣ, поквиҷдониву худогоҳиро баланд бардорем.

Вале, мутаассифона, чи тавре дар боло ишора кардем, аз ноҳияи мо низ 54 нафар ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гаштанд, ки аз ин шумора 44 нафарашон аз деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасор мебошанд. Онҳо ба ҳизбу созмонҳо ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гашта, азми давлатҳои Ироқу Сурия намуда, ба ҷони садҳо одамон хатар ворид месозанду ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ онҳоро барои чунин амалҳои номатлуб, одамкушиву одамрабоӣ ташвиқу тарғиб мекунанд.

Шаҳрвандон Ғиёсев Акмалҷон Наҷбуддинович, Юсуфов Мустақим Абдулмуҳсинович, Амирова Шаҳригул Азизовна, ноболиғ Юсуфова Ҳангома Абдулмуҳсиновна, Мӯминзода Оятулло Иззатулло, Маҷидзода Фирӯзаи Файзалӣ, Мӯминов Адулҳамид Раҳматуллоевич, Мӯминов Абдулмаҷид Раҳматуллоевич аз Ҷамоати деҳоти Чашмасор бо моддаи 401 қ… иловаи 1 мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо гирифтанд.

Чи тавре медонем, ҷазо гирифтани чанд тан роҳи ҳалли масъала нест. Дар ҳалли   масъалаи мазкур нақши оила, мактаб ва ҷамъият аз ҳама бештар аст. Бинобар ин волидонро зарур аст, ки тарбияти дурусти фарзандро аз хурдӣ ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд. Ва баъдан мактаб ва ҷамъият низ аз хурдӣ ҳисси ватандориро дар қалби кӯдакон бедор кунанд. .

                                                                               Ф.МИРЗОЗОДА,

                                                                               судяи суди ноҳия.