САҲИФАИ АСОСӢ
ДАР СИТОИШИ МОДАР
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1464
Зан – Модар, Ту миёни тифлакон ситораи дурахшонӣ. Онон дар симои Ту зеботарин Зан – Олиҳа Модари хешро мебинанд.
ҚУТИИ ПАРТОВ НАДОРЕМ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1225
Симои маркази ноҳия муаррифгари диёр ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ, хусусан сайёҳон аст. Презитенти мамлакат зимни ироаи Паёми солонаашон вобаста ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва вусъат бахшидан ба ин соҳаи афзалиятнок чун соли 2018, солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард.
ТО ФАЗЛУ ҲУНАР ОИНАПАРДОЗ НАШУД…
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1382
Ҳунарманд шахсест, ки бо дастони эъҷозофараш ба ҳаёти инсон тобишу рангорангии дигаре мебахшад. Ҳуснбону Абдуллоева аз ҷумлаи занони ҳунарманде мебошад, ки чандин сол боз бо гулдӯзию рафидадӯзӣ, кӯрпаю болиштакдӯзиҳои худ бори зиндагиро пеш мебарад. «Рафидадӯзию гулдӯзӣ, кӯрпаандозию кӯрпачадӯзиро аз хушдоманкалонам ёд гирифта будам,»-мегӯяд ӯ.
МӮМИН ҲАМЕ МӮМИН КУШАД…
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1290
Имрӯзҳо сари масъалаи терроризм, хусусан терроризми динию мазҳабӣ, ки асоси терроризми бунёдгароро ташкил медиҳад, сухан бисёр меравад. Ба ақидаи бунёдгароҳо гӯё ҳақиқати маҳзро танҳо онҳо медонаду боқӣ ҳама ботилу гумроҳ ва ҳеҷ гоҳ ҳақ нестанд.
НАВГОНИҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҶАВОНОН
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1299
- Тантанаҳои имсолаи Наврӯзи оламафрӯзи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, дар деҳаи зебоманзари Арзанова баргузор мешавад. Бо ин хотир сокинони деҳа корҳои ободониро хуб ба роҳ монда, тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ ду тарафи роҳи маркази деҳаро то наврӯзгоҳ лӯлаҳои обпарто хобонанд. Ҳамчунин шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан дар деҳа идома дорад.
МАҚСАД - 670 ГЕКТАР БОҒИ НАВ
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1295
Фасли зебои баҳор аз худ дарак медиҳад. Аз ин хотир масъулияти марди деҳқон, ки бо умед донаи ризқи фардоро мепошад ва боғдор, ки ниҳоли шаҳдборро бо дар назардошти чил –паноҳ соли охир мешинонад, даҳчанд меафзояд.
ҶОНУ ҶИГАРҲОИ ОЧА
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1258
Вақте ман қалам ба даст мегираму дар бораи Модар навиштан мехоҳам, мудом чунин андеша ба сарам меояд, ки магар дар дунёи рӯшан бошад касе, ки Модарро дӯст надораду меҳрашро дар дил ҷо накунад. Агар ин тавр бошад, пас ӯ (фарзанд) нохалаф аст.
ЧАРОҒИ РӮШАНИ ЁДҲО
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1392
Ин дафъа дар бораи шахсе менависем, ки аз байни мо хеле дур афтода.., хонаи ӯ манзили хамӯшон аст. Аз рафтанаш ду баҳор гузашт. Ӯ баҳори соли 2017 оламро падруд гуфт: 21 апрел ояд, се баҳор мешавад, ки ганҷи рӯзгор намебинаду аз дидори ёру диёр, зану фарзандон, хешу ақрабо маҳрум аст. Афсӯс! Сад афсӯс!