Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

БАРАКАТИ ДУЪОИ МОДАР

Миёни мардум ҳикмате ҳаст, ки «одам аз дуо сабз мешавад», хусусан дуои волидайн. Аслан меҳру муҳаббат, шафқату ғамхорӣ нисбати фарзанд табиати инсонӣ асту  он дар вуҷуди падару модарон табиатӣ мебошад. Падару модарро аз шафқат ва шафқатро аз падару модар ҷудо тасаввур кардан номумкин аст.

Аз падар дар хурдӣ ятим мондаву  калонкардаи модари бузургворам ҳастам. То дами вопасин ҳар субҳ чун пайи кор мешудам, аввал дуои ӯро мегирифтам. Эҳсос мекардам дуои модарам калидест барои кушоиши кораму ҷавшанест дар баданам. Аз  дуъои модар файзу баракат меёфтам.  Ҳис мекардам, ки  дуъои модарам  назди Худои мутаъол баҳри яккафарзанди ӯ мақбул мегардад.

Чун   осори гузаштагонамонро зиёд мутолиа мекунам, андешаҳои зиёди онҳо дар мавриди баракати дуои модар собит мегардад.

Аз ҷумла  дар китоби «Дурат-ул-маҷолис» оид ба баракати дасти дуъои модар ва қабул гаштани он назди парвардигор ҳикояте  оварда шудааст.

- Овардаанд, ки шайхе буд ба фазл машҳур. Рӯзе он шайх қасди зиёрати Маккаи муъазамма намуда  иҷозати модар  талабид. Модар, ки бисёр солхӯрдаву нотавон буд, барои сафари писараш ризо нашуд. Шайх илтифоте накарду бе дуои модар равонаи сафар гардид. Модар   аз паси  писар гирякунон афтода  ҳарчанд зорӣ кард,аммо ӯ  аз рафтан боз наистод ва сухани модарро гӯш накард.  Шайх пайи сафар ба шаҳре расид. Шабро  дар масҷид қиём намуда  намоз мехонд. Дар ин ҳангом дузде ба хонаи шахсе даромад. Соҳибхона хабардор гашта дуздро дунболагирӣ кард. Дузд ба тарафи масҷид омаду ғоиб шуд. Мардумон ҷамъ шуданд, чароғ равшан карда даруни масҷид даромаданд, ки шахсе  намоз мехонад. Ӯро назди подшоҳ бурданд. Подшоҳ фармуд пойю дасти ӯро буридаву чашмонашро кӯр карда дар бозор гардонанд.  Навкарон шайхро  дар бозор  гардонида  ҷор мезаданд: «Ин аст сазои  касе, ки дуздӣ мекунад». Шайх гуфт: ин тариқа нидо накунед, бигӯед, ки ин аст сазои касе, ки бе ризоияту  дуъои модар қасди зиёрати каъба мекунад.

 Мардумоне, ки ӯро  шинохтанд воқеаро ба подшоҳ изҳор карданд. Подшоҳ пушаймон шуда узр пеш овард. Шайх гуфт: -Шумоён   гуноҳе надоред, ин гуноҳи ман аст, ки бе дуову ризогии модар ба сафар баромадам ва гирифтори  ин бало  шудам. Агар хоҳед, ки аз шумо хурсанд шавам, маро ба вилояти худам баред. Хоҳиши шайхро иҷро кардаву ӯро назди дарвозаашон оварданд.   Шайх  чун садои  модари худро  шунид, овоз дод, ки эй зани порсо, ман мусофир ва гуруснаам, маро чизе ато кун. Модар гуфт: пештар биё, то туро нон диҳам. Шайх гуфт: пой надорам, ки ба сӯи ту равам. Модар гуфт: дасти худро дароз кун. Гуфт: даст надорам, ки ба сӯи ту дароз кунам. Модар гуфт: ман номаҳрамеро надидаам, ки баромада  ба ту таъом диҳам. Шайх иброз кард, ки ман чашми бино надорам, ки ба сӯи ту нигоҳ кунам. Пас модараш нон ва косаи оберо гирифта аз хона баромаду наздики писар омад. Шайх рӯи худро ба қадамҳои модар молида, пойҳои модарро бӯса карда гуфт: эй модар, ман ҳамон фарзанди нохалафи ту ҳастам, ки бе дуову ризоияти ту сафар кардаву  ба ин бало гирифтор шудам. Модараш чун ин ҳоли писарашро дид, бисёр гирист ва муноҷот кард, ки Аллоҳӣ ман, аз писарам розӣ шудам, аз даргоҳи ту металабам, ки рӯҳи маро ва рӯҳи писарамро дар ҳол қабз кун, чунки маро тоқати дидани хории писар нест ва писари маро тоқати диданӣ мардум. Дар ҳол дуъои модар мустаҷоб гардид.

 Ана, ин аст бузургиву фазилати дуои модар. Аз ин хотир бояд мо  ҳамагон хушбини падару модар бошему дуои эшон  ҷавшани рӯзгори мо.

Т. Соҳибназар.