ИҶТИМОЪ
МАДИНАИ КИТОБДӮСТ
- Подробности
-
13 Март 2019
- Опубликовано 13.03.2019 10:10
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа таҳти сарпарстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор мешавад. Хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Мадина Зоирова яке аз аввалин довталабони даври якуми озмун гардид. Мо бо Мадинабону атрофи мавзӯи «Китоб - дӯсти беҳтарини инсон» суҳбате оростем. Воқеан, Мадинаҷон духтарест миёни ҳамсинфон ҳалиму меҳрубон, аълохону ҷамоатчӣ.
- Сарчашмаи меҳри китоб дар қалби шумо?
- Рӯзи аввалини ба мактаб омадан падарам маро ба китобхона оварда номнависам кард. Зеро то мактабхон шуданам хондану навиштанро аз волидайнам ёд гирифта будам. Китоби аввалине, ки ман аз китобхона гирифта хондаам, «Офтобак» ном дошту бо ҳарфҳои калон-калон чоп шуда буд. Ин китоб меҳру муҳаббати маро ба китобхона, хондани асарҳои зиёди нодиру тиллоӣ бедор намуд. Инак, 11 сол мешавад, ки ман аъзои фаъоли китобхонаи маркази ноҳия мебошам.
- Ба ҳисоби худ чанд китоб хондаед ва асарҳои кадом адибон бештар писандатон аст?
- Китобҳои хондаам ҳамагӣ дар рӯйхати варақаи китобхониам қайд шудаанд. Ғайр аз ин боз китобҳое, ки дастрас мекунам ва ҳадяам менамоянд, бо шавқ мехонам. Шояд тахмин зиёда аз 500 адад бошад китобҳои хондаам.
- Ба фикри шумо чаро имрӯз ҷавонон - ҳамсолони шумо кам ба китобу китобхона рӯ меоранд?
- Ба андешаи ман имрӯз якчанд омилҳое ҳастанд, ки сабаби аз китобхона дур мондани насли наврас гардидааст. Яке аз омилҳои асосӣ ин беҳуда сарукор гирифтани хонандагон ба интернет аст. Ҳарчанд интернет паёмадҳои осонкунанда дорад, аз тарафи дигар ҳавасу ҳавсала, шавқу рағбат ба китобхониро кам мегардонад.
- Бештар асарҳои насриро мутолиа менамоед ё назмиро?
- Ҳардуро. Асарҳои устодон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, ғазалу шеърҳои Саъдию Ҳофиз, Фирдавсию Рӯдакӣ, Мирзо Турсунзодаю Лоиқ Шералию Бозор Собир ва дигаронро гаштаю баргашта мехонаму лаззат мебарам. Асарҳои нависандагони хориҷӣ Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Ҷек Лондон, Гектор Мало ва бисёр дигарон низ беҳад писандам ҳастанд.
- Ба ҳамсолони худ нисбати китобу китобхонӣ чӣ маслиҳат медиҳед?
- Панду ҳикмати аз китобҳои хонда инсонро аз роҳи ношоиста бозмедорад ва бо роҳи рост ҳидоят менамояд. Биёед, ҳар лаҳзаи умри худро ба китобу донишандӯзӣ бахшем. Зеро китоб мунис ва ғамгусорест, ки ҳузну андӯҳро бар сурур шодмонӣ табдил мекунад.
Т. МУНАВВАРА.