Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

НАВГОНИҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҶАВОНОН

  • Тантанаҳои имсолаи Наврӯзи оламафрӯзи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, дар деҳаи зебоманзари Арзанова баргузор мешавад. Бо ин хотир сокинони деҳа корҳои ободониро хуб ба роҳ монда,   тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ ду тарафи роҳи маркази деҳаро то наврӯзгоҳ лӯлаҳои обпарто хобонанд. Ҳамчунин шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан дар деҳа идома дорад.
  • Сохтмони се истгоҳи ҳозиразамони мусофирбар дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар мавзеҳои Дубеда, Хамисавра ва Навобод ба анҷом мерасад.
  • Сокинони деҳаи Хамисавра аз шоҳроҳ то маркази деҳа бо дарозии 1,5 км роҳро сангфарш ва асфалтпӯш карданиянд. Кор оғоз ёфтааст.
  • Соҳибкор Ашӯр Абдурауфов дар паҳлӯи шоҳроҳи марказӣ, дар мавзеи Дубеда ошхонаи таомҳои миллӣ, сартарошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхонаро, ки ба талаботи ҳозира ҷавобгӯянд, сохта ба истифода дод.
  • Корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани муассисаи таълимӣ дар деҳаи Саричашма дар фасли зебои баҳор вусъати бештар пайдо кардааст. Ният ҳаст, ки аввали оғози соли таҳсил сохтмони муассиса ба анҷом расонида шавад.
  • Корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти асосӣ дар деҳаи Хоҷамард оғоз ёфт. Муассисаи мазкур барои панҷсад нафар хонанда пешбинӣ шуда аз ҳашт синфхона иборат аст. Маблағгузори муассиса сафорати Япония дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳ. Бузург «НФ».