Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ҚУТИИ ПАРТОВ НАДОРЕМ

Симои маркази ноҳия муаррифгари диёр ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ, хусусан сайёҳон аст. Презитенти мамлакат зимни ироаи Паёми солонаашон вобаста ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва вусъат бахшидан ба ин соҳаи афзалиятнок чун соли 2018, солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард.

Мутаассифона, баъзе камбудиҳои чашмрас дар маркази ноҳия боиси коста гардидани иқдоми мазкур гардидааст. Шаҳраки ноҳия, ки ҳамагӣ як роҳи калон дорад, назди ягон истгоҳу марказҳои савдоҳо қутии партов надорад. Ҳамагон шоҳидем, ки роҳгузарон коғазу зарфҳои полиэтилении обро канори роҳ ё даруни ҷӯйбори сари роҳ мепартоянд, ки ба чашми бинанда нозеб аст.

С. РОЗИҚОВ, “НФ”.