САҲИФАИ АСОСӢ
БАРАКАТИ ДУЪОИ МОДАР
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1355
Миёни мардум ҳикмате ҳаст, ки «одам аз дуо сабз мешавад», хусусан дуои волидайн. Аслан меҳру муҳаббат, шафқату ғамхорӣ нисбати фарзанд табиати инсонӣ асту он дар вуҷуди падару модарон табиатӣ мебошад. Падару модарро аз шафқат ва шафқатро аз падару модар ҷудо тасаввур кардан номумкин аст.
АНДАР МУҲАББАТИ МОДАР
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1300
Офтоби рӯи Модар таҷаллии нури Илоҳист. Аз ин рӯ, чеҳраи модарон бағоят гарм аст.
МАДИНАИ КИТОБДӮСТ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1276
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа таҳти сарпарстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор мешавад. Хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Мадина Зоирова яке аз аввалин довталабони даври якуми озмун гардид. Мо бо Мадинабону атрофи мавзӯи «Китоб - дӯсти беҳтарини инсон» суҳбате оростем. Воқеан, Мадинаҷон духтарест миёни ҳамсинфон ҳалиму меҳрубон, аълохону ҷамоатчӣ.
ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ МАОРИФ ЗИЁД АСТ
- Подробности
- Категория: СИЁСАТ
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1625
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа-маориф низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мушкилоти онро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
БОНУВОНИ ФАЙЗОБОД ХУШСУРАТУ ХУШҲУНАРАНД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1280
Чандест, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» баргузор гардида истодааст.
«НАБЗИ ФАЙЗОБОД» ДАВОМИ РОҲИ «БУХОРОИ ШАРИФ»
- Подробности
- Категория: МИНБАРИ МУАССИСОН
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 3129
Моҳи март, ки оғози баҳори нозанин ба он рост меояд, «Моҳи идҳо» ном гирифтааст. Пас аз таҷлили иди модарону хоҳаронамон – 8 март, иди дигаре моро нигарон аст, ки аллакай шумо онро хеле хуб медонед. Ин иди матбуоти тоҷик аст, ки ҳарсол рӯзи 11 март таҷлил мегардад.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР»
- Подробности
- Категория: СИЁСАТ
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1260
Модарони меҳрубон! Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола дар айёми фарорасии фасли зебои сол - баҳори нозанин дар саросари кишвари азизамон яке аз ҷашнҳои зебову муқаддас - ҷашни «Рӯзи модар» бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат модарону хоҳарони азизро самимона табрику таҳният мегӯям.
ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ПЕШГИРӢ АЗ ОН ВАЗИФАИ АҲЛИ ҶОМЕА АСТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 13 Март 2019
- Просмотров: 1341
Терроризм ва экстремизм ҳамқадами доимии инсоният буда дар асри Iто мелод дар Яҳудистон амал мекард. Ин гурӯҳи хунхор ва ҷонибдорони онҳо римиён, донишмандон, устодон ва ашрафи олимақоми яҳудиро нобуд мекарданд.
НАВРӮЗ МЕРОСИ АРЗАНДАИ ГУЗАШТАГОНАМОН
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 06 Март 2019
- Просмотров: 1902
Таҷлили Наврӯз дар сар то сари кишварамон таърихи беш аз се ҳазор сола дораду шояд он ягона ҷашнворае бошад, ки аз таҷлили такрор ба такрор касе хаста намешавад. Наврӯз ҷашни баҳору сарсабзӣ, ҷашни ободиву озодагӣ ва бунёдкориву фараҳмандист. Наврӯз ҷашнест, ки ниёконамон ба мо мерос гузоштаанду бо дар гузашти асрҳо тарзи баргузории он бо навгониҳо ва касби сунатҳои қадимаи хеш ҳамоно ҷавон мондааст. Аз ин хотир мутолиаи таърихи он ба такрор ба кас руҳи тоза ато мекунад.