Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

НАВРӮЗ МЕРОСИ АРЗАНДАИ ГУЗАШТАГОНАМОН

 

Таҷлили Наврӯз дар сар то сари кишварамон таърихи беш аз се ҳазор сола дораду  шояд он ягона ҷашнворае бошад, ки аз таҷлили такрор ба такрор касе хаста намешавад. Наврӯз  ҷашни баҳору сарсабзӣ, ҷашни ободиву озодагӣ ва бунёдкориву фараҳмандист. Наврӯз ҷашнест, ки ниёконамон ба мо мерос гузоштаанду бо дар гузашти асрҳо тарзи баргузории он бо навгониҳо ва касби сунатҳои қадимаи хеш  ҳамоно ҷавон мондааст. Аз ин хотир  мутолиаи таърихи он  ба такрор ба кас руҳи тоза ато мекунад.

Наврӯз, соли нав, сари сол, аз қадимтарин ҷашнҳои миллати  тоҷик аст. Фарорасии он ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 20-21 марти солшумории милодӣ рост меояд.  Наврӯзро дар ҳамаи  канораҳои мардуми тоҷикнишин  новобаста аз мавқеи истиқоматашон бо номҳои  «Иди сари сол», «Иди соли нав» ва   Бадахшон  бошад бо номи «Хидир аём» таҷлил менамоянд.  Наврӯз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат дар байни мардумони мо таҷлил мешавад.

Наврӯз суннатҳои хоси  худро доштаву  аз қадим ин суннатҳо ҳифз мегардад. Он айёмест бо фарорасияш мардум ҳамаҷониба  омодагӣ мегиранд. Аз тозагиву ободонӣ ва шуруъи кишту кор оғоз ёфта то оростани маъракаҳои хурсандиву  рақсу суруд ва варзишӣ идома мекунад.

Хусусан дар  ҷашни Наврӯз ташкили  бозиҳои суннатии варзишӣ маққоми хоса дорад. Дар айёми Наврӯз баргузории мусобиқаҳои гӯштингирӣ, аспдавонӣ, пиёдапойга (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ  инчунин хусусан миёни ҷавонон бозиҳоитухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкҷанг,чиликадозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешуданд. Дӯстдоштатарин  мусобиқаҳои наврӯз барои ҷавонмардон гӯштингирӣ вабузкашӣ  маҳсуб меёбад.  

Ҳамин аст, ки  ин ҷашнро  бо гузашти  муддатҳои тулонӣ касе натавонист аз миён бубурад, зеро Наврӯз аз маҳбубтарину маъмултарин идҳо барои  тоҷикзабонҳост, ки дар маднияти дигар миллатҳои ҳамсоя ҷо гирифтааст.

Ҳатто арабхо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон кушиш карданд, ки чашнҳои қадимаю анъанавии халқҳои маҳалллиро аз байн бубаранд, ба хотире,  ки эшон гузаштаашонро ба хотир наорад. Яъне маълум аст, ки агар ҳар қавме,  гузаштаашро то андозае дар хотир дошта бошад, албатта аз таъриху тамаддунаш ёд мекунад.

Ҳамин аст, ки ба  мамониати аҷнабиён нигоҳ накарда, гузаштагони сарбаландамон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро «Суннати Чамшед» номида, ба ҷашнгириаш иҷозат доданд. Ба ивази ҳафт шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, пинни, шир, шона) хафт син ҷорӣ шуд: дастархонро бо хафт навъи неъмат, ки бо харфи син шуру мешуд, оро медоданд: сирко, сабзӣ, сумок, санчит, сир, себ ва сипанд. 

Ин аз бузургию маънавиёту соҳибмаърифатии гузаштагони миллати тоҷик башорат медиҳад. Аммо имрӯз ёфт мешаванд, ашхосе, ки бо «ҷанг андохтан»-и чор ҳарфи алифбои арабӣ даъвои он мекунанд, ки  Наврӯз хилофи ислом асту он бояд ҷашн гирифта нашавад. Хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ақоиди  номатлуб   хеле ба чашм мерасад, ки бо баҳсҳои пучу бебунёди худ касро ба роҳгумӣ мебарад.

Ҳол он ки  Наврӯз ин як иди кадимии мардуми точик ва ориёинажодхо аст ва чун   бо ҳеҷ дине мухолифат надорад ва бо конуну коилаи ислом хамнавоӣ дорад аз ин рӯ ҳатто мардуми ғайриориёӣ хам онро хамчун як иди миллӣ барои худ кабул карданд. 

Чунин ашхоси нотавонбин  фатво баровардаву мардумони  ин ҷашнро таҷлилкунандаро кофир ҳукм  мекунанд.

Ва бехабар аз он ки     кофиру муъмин будани ҳар шахсро танхо Худо медонад. Ин ҳақ ва ҳуқуқи Худованд аст. Масалан соле пештар арафаи иди Наврӯз дар шарҳи хабари    радиои  «Озодӣ» Абдусамад Бобоев ном корбар навишта буд, ки:“Касе Наврӯзро ба дигарон муборакбод мегӯяд, ӯ мусалмон нест, фақат тоҷик аст ва буда метавонад! Як амри маьруфи олими афғонро гӯш кардам, ӯ ҳам гуфт, ки касе дар рӯзи Наврӯз як донаи тухмеро ба касе ҳадя кунад, кофир аст!”

Ин ақидаи ботили як тан ҳам миллати мост, ки таъриху маданияти  ҳазорсолҳи аҷдодони худ огоҳ нест. Ҳол он ки Наврӯз касе аз моро  аз иҷрои ягон рукни дини Мубини Ислом боз надоштаву намедорад.

Чи тавре дар боло ишора кардем новобаста аз мухолифатҳо бо аҷнабиён  гузаштагони сарбаландамон  Наврӯзу оинҳои наврӯзӣ ва дигар ҷашнҳои миллиамонро  ҳифз карданд.

Хусусан баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.  Дар ҷумҳурии мо Наврӯз чор рӯз  ид мегардад.

Наврӯз ин ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Ҳамин аст, ки Созмони Милали Муттаҳид23-юми феврали соли 2010дар иҷлосияи 64-уми Асамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад.

Аз ин хотир месазад ба ин мероси маънавии гузаштагонамон сазовор арҷгузорӣ кард.

Ш.НУР