ТИБ
СИҲАТИИ МО ДАР ДАСТ ХУДИ МОСТ
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2019 09:17
Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки имрӯз дар соҳаи тибби кишварамон дар ҳоли паҳншавист, гирифторӣ ба бемории сироятии гепатити В, С, ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) мебошад. Ин аст, ки дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала таъкид карда шуд.
Солҳои охир дар Тоҷикистони азизамон гирифторони бемориҳои сироятии гепатитҳои В, С, ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) хеле зиёд ба назар мерасанд. Бинобар ин ҳар яки мо вазифадорем, ки бар зидди ин бемории хатарноки сироятӣ муборизаи беамон барем, чунки паҳншавии босуръати он ба генафонди миллати бузургамон таъсири номатлуб мерасонад.
Гепатитҳои В ва С аз бемориҳои шадиди вирусӣ буда барангезандаи беморӣ ба воситаи хун ба организми инсон ворид мегардад ва бо носомонии кори ҷигар ва заҳролудшавии организм оварда мерасонад.
Манбаи барангезандаи гепатитҳои В, С, беморони дорои вируси гепатити В ва С-дошта ин бемории сироятиро ба вуҷуд меоранд. Дар давоми 30-180 рӯз аломатҳои сарири (клиникӣ) пайдо мешавад. Давраи ниҳонии беморӣ аз 45 то 180 рӯзро ташкил медиҳад, аксар вақт бо намуди атралгӣ (дарди мушаку буғумхо, пайвандакҳо ҷараён мегирад).
Аввал зардии чашмон ва ҳубобпардаҳои намоён, баъдан зардии пӯсти бадан, беҳолӣ, бемадорӣ, гоҳ- гоҳе дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарди устухонҳо метавонад безардшавии ин аломатҳо ба вуҷуд биёяд.
Одамон чӣ гуна ба ин бемориҳои хатарноки сироятӣ гирифтор мешаванд?
Ҳангоми дандон кандан, агар асбобҳои истифодабурда дар вақти дандон кандан пурра бе сироят (тамиз) карда нашуда бошанд. Ҳангоми исқоти ҳамл, агар асбобхо пурра бесироят карда нашуда бошанд. Ҳангоми алоқаи ҷинсии беҳимоя ба шахсони тасодуфӣ, аз як сӯзандору якчанд нафар истифода бурдан, бештар шахсоне, ки маводи мухадир истеъмол мекунанд, гирифтори ин беморӣ мешаванд. Дар кошонаҳои ҳусн, ки ба воситаҳои қошчинакҳо якчанд зан як қошчинакро истифода мебаранд, бо воситаи қайчиҳо ва дигар асбобҳои тамиз карданашуда. Дар сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, албатта аз лавозимотҳои сарфи яккарата истифода бурдан зарур аст ва мизоҷонвазифадоранд, ки аз устоҳо чунин лавозимотҳои сарфи яккаратаро талаб кунанд. Дар сурати табобати пурра нагирифтани шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда вируси гепатитҳои В ва С дар баъзе холато дар организм то 10 сол ё зиёда аз он боки мемонанд.
Пеш аз дасткориҳои тиббӣ аз таҳлилҳои хун барои гепатитҳо, ВНМО гузаштан ҳатмист. Барои пешгирии чунин бемориҳои сироятӣ дар мавриди гузаронидани амалиётҳои хатна аз устоҳои халқӣ худдорӣ намуда, ба муассисахои тиббӣ муроҷиат намоед.
Зеро гуфтаанд:
Табиби ман ба ғайри ман касе нест,
Ҳабиби ман ба ғайри ман касе нест.
Сайдалӣ Сангов, духтури
Сироятшиноси дараҷаи олӣ,
Аълочии тандурустии Тоҷикистон