САҲИФАИ АСОСӢ
ОБОДКОРӢ ХОСИ НАВРӮЗ АСТ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 03 Апрель 2019
- Просмотров: 1213
Бо омадани баҳори гулпӯшу Наврӯзи аҷдодӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъати бештару фарогире дорад. Қариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ободкориҳо ба чашм мерасад. Бахусус чунин иқдомҳои ободкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод хеле хуб ба чашм мерасад.
БАҲОРУ МОДАР ДОМОНИ ГУЛРЕЗУ ГУЛБЕЗ ДОРАНД
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 03 Апрель 2019
- Просмотров: 1178
(Чанд сатр аз маҳфили идона ба шарафи таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳия)
Зан – Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сазбу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи Соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад. Модар ба баҳор шабоҳат дорад, ҳам дар ҳусну латофат ва ҳам зебоиофаринӣ. Домони баҳору модар ҳарду гулрезу гулбезанд.
ОЛАМ АЗ ТАЛЪАТИ НАВРӮЗ САФОЕ ДОРАД
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 03 Апрель 2019
- Просмотров: 1226
«Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст»
«Ат-тафҳим»-и А. Берунӣ.
НАТИҶАҲОИ СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 03 Апрель 2019
- Просмотров: 2011
Чорводорони ноҳия ҷашни Наврӯзро бо дастовези муносиб истиқбол гирифтанд. Дар дуюним моҳи сипаришуда истеҳсоли гӯшт ба 286 тонна, шир ба 1581 сентнер, тухм ба 9,4 миллион дона расонида шуд.
БОҒИ НАМУНАВӢ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 03 Апрель 2019
- Просмотров: 1207
Раиси хоҷагии деҳқонӣ аз Ҷамоати деҳоти Вашгирд Шоҳрамазон Шарифов дар майдони 3 гектар замини бекорхобида боғи намунавӣ бунёд намуд, ки 1,5 гектар гелос ва 1,5 гектар олуи содиротиро дар бар мегирад.
НАВРӮЗИ КИШОВАРЗОН
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 03 Апрель 2019
- Просмотров: 1207
Кишоварзони ноҳия омади баҳори нозанинро хуш пазируфтаву аз рӯзҳои аввали он сертарадуданд.
ХИТОБ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 28 Март 2019
- Просмотров: 1316
Ҳар касе, ки даҳ соли охир ба пойтахти азизи кишвармон шаҳри Душанбе нарафта бошаду имрӯз равад, бешубҳа ангушти ҳайрат мегазад. Зеботарину диққатҷалкунандатарин биноҳои даҳ сол пеш ҳоло пастаку ночиз менамоянд. Садҳо биноҳои ба фалак саркашидааз бузургию ҳашамати даврони соҳибистиқлолии Ватан шаҳодати воқеӣ медиҳанд.
БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 28 Март 2019
- Просмотров: 1386
Аҷаб давру замон омад,бештари зимомадорон, тақводорон,ҷавонону пиронсолон хешро ба дуруғ гуфтану дуруғ бофтан ва қасам хӯрдан одат кунонданд.Дар китоби Калимуллоҳ омадааст,ки« Дуруғ гуфтан торикии имон аст».Агар чунин бошад пас сар дар ҷайби тафакур бояд кард.Умри дуруғ кӯтоҳ аст,ки гуяндаашро дер ё зуд шармандаи ду олам месозад.Алҳазар аз дуруғу дуруғгуён.Аҷаб он аст,ки онҳое бештар дуруғ мегуянд,ки зимомадори вақт,ҷодагузор,худотарс,ҳаҷкарда,рӯзагир ва ба тоату ибодат байни мардум хешро нишон медиҳанд.
ҚАДРШИНОСИ ҲАЁТИ ИМРӮЗА БОШЕМ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 14 Март 2019
- Просмотров: 1294
-ДУНЁИ АНДЕША-
Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хусиси бедории сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, содиқона дӯст доштани Ватан, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва амсоли он аз таҷрибаи талхи таърихи на он қадар дури кишвари азизамон ва вазъи ноороми як қатор кишварҳои ҷангзадаи дуру наздик маншаъ мегирад.