ИҶТИМОЪ
ОЛАМ АЗ ТАЛЪАТИ НАВРӮЗ САФОЕ ДОРАД
- Подробности
-
03 Апр 2019
- Опубликовано 03.04.2019 13:52
«Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст»
«Ат-тафҳим»-и А. Берунӣ.
Ҳақиқат бебаҳс аст, ки Иди Наврӯз ҷашни баҳор ва оғози соли нави мардуми тоҷику форс аст. Наврӯз дар луғатҳо бо маънои «рӯзи нав», «тоза» ва «рӯзи нахустин» аз авали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Ҳарчанд, ки сарчашма ва замони пайдоиши Наврӯз ба таври қатъӣ ва ба дурустӣ маълум нест, аммо мувофиқи асноди маълуму бадастомада ин ҷашн таърихе беш аз сеҳазорсола дошта, куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Зеро ҳам дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ҳам дар «Таърих»-и Табарӣ, ҳам дар «Ат-тафҳим»-у «Осор-ул-бақия»-и Берунӣ ва ҳам дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём шоҳ Ҷамшед ё ин ки Каюмарс бунёдгузори ин ҷашни миллӣ муррифӣ шудаанд. Ва қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумоти овардаи донишмандони маъруф ҷашн гирифтани Наврӯз дорои рамзу розҳо ва оину маросимҳои гуногун буда, таърихи густурдаву куҳан дорад. Ҳамин аст, ки ҷашн гирифтани Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Монанди “Наврӯзи кӯчак”, “Наврӯзи омма”, “Наврӯзи бузург” ва “Наврӯзи хосса”. Дар аҳди Сосонӣ чун Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст, панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро бо бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи шашумро бо омма ҷашн мегирифтааст. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар дар маҷлиси ӯ ҳуқуқи иштирок карданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои наврӯзӣ навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин ҳам яке аз суннати таҷлили Наврӯз дар он давраҳо будааст. Инчунин об пошидан ба якдигар яке аз анъанаҳои суннати наврӯзист, ки рамзи сероб омадани соли пешомад ва файзбор гаштани он аст.
Аввалин шоҳе, ки Наврӯзи омма ва хосаро ба ҳам омехта, рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон кард, шоҳи Сосонӣ Ҳурмузд-писари Шопур мебошад. Дар замони давлатдории хулафои Умавӣ бо мақсади дар байни халқ обрӯ пайдо кардан ва афзудани даромади хилофат ба гузаронидани Иди Наврӯз иҷозат доданд. Дар замони хилофати Аббосиён низ аз Наврӯз истиқбол мегирифтанд. Бо ба сари қудрат омадани Оли Сомон ва Оли Бувайҳ ҷашни Наврӯз вусъати бештаре ёфт. Аз ҳамаи дигар суннатҳои Наврӯзӣ дида, оростани хони Наврӯзӣ бо «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», дар гузаштаи дуртар «ҳафт мим» ҳам, маъруфияти бештаре дорад. Суннати дигари иҷрои ин амал дар он аст, ки хоне дар субҳи Наврӯз ороста мешавад, ки он бояд аз порчаи сафед таҳия шавад, ки рамзи бороварии замин аст ва баъдан бар он ҳафт маводе гузошта мешаванд, ки онҳо бо ҳарфи «син» шурӯъ мешаванд. Инҳо: санҷид, сабза, самок, сир, суманак, сикка ва сирпиёзанд. Дар хони “ҳафтшин” ин ҳафт мавод бо ҳарфи «шин» шурӯъ мешаванд: шакар, шарбат, ширинӣ, шамъ, шона, шир, шароб. Дар ин раванд тайёр кардану пухтани суманак худ як равиши муайяне дорад, ки дар байни ҳамаи мардумоне, ки ин иди миллиро ҷашн мегиранд, ҷойгоҳи хоса дорад ва бе он баргузории ин ҷашнро тасаввур натавон кард. Маросими «хонатаконӣ» ва тайёру оро додани дастархони наврӯзӣ дар ҳар як хонадон аз суннатҳои махсуси ҷашни Наврӯз аст.
Ҳарчанд, ки дар солҳои охири қарни гузашта доираи таҷлили Иди Наврӯз дар байни мардуми мо бо сабабҳое гуногун як дараҷа маҳдуд гардида буд, хушбахтона, сар аз соли 2017 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аз нав эҳё гардидаву мақоми ҷаҳонию байналмилалиро касб кард. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ин ҷашни зебои баҳорро, ки зодаи табъ ва урфи мардуми ориёӣ аст, таҷлил менамоянд.
Ҳ. БУЗУРГ.