Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ОБОДКОРӢ ХОСИ НАВРӮЗ АСТ

Бо омадани баҳори гулпӯшу Наврӯзи аҷдодӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъати бештару фарогире дорад. Қариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ободкориҳо ба чашм мерасад. Бахусус чунин иқдомҳои ободкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод хеле хуб ба чашм мерасад.

Дар   ҷамоати деҳоти мазкур бо дастгирию мадади масъулон ва соҳибкорони ватандӯст чандин иншооту корхонаҳои хурд дар арафаи ба анҷом расидан аст, ки дар рӯзҳои Наврӯзи оламафрӯз ба кор оғоз менамоянд. Бинои зебову назарраси мағозаи молҳои ниёзи мардум, ки дар маркази деҳаи Устошамс аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Сироҷ Шоев бунёд ёфтааст, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дарҳои худро барои ҳамдеҳагон боз менамояд. Ин мағозаи хуштарҳу замонавӣ, ки ба деҳа ҳусн бахшидааст, ба ҳамаи талаботҳои муосир ҷавобгӯ буда, душворӣ ва ниёзи мардуми ин деҳаро бароварда мегардонад. Дар маркази ҷамоат, деҳаи Меҳробод ҳам чунин як бинои хуштарҳи мағозаи молҳои ниёзи мардум аз тарафи соҳибкор Қурбоналӣ Холиқов сохта шуд.

Дар деҳаи Шерамони бошад, соҳибкор Нарзулло Раупов осиёби орд гардон кард, ки мушкилоти сокинони ин деҳаро осон мегардонад. Соҳибкор Абдуқаҳҳор Солиҳов бошад дар маркази ҷамоат нуқтаи шустушӯ ва таъмири автомобилҳои сабукравро бунёд кард.

Ҳамаи ин ва дигар ободкориҳое, ки дар ин ҷамоати деҳот дида мешаванд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки мардуми заҳматқарини Ҷамоати деҳоти Меҳробод ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ пешвоз мегиранд, ки ҳамзамон аз болоравии сатҳи зиндагии мардуми ин минтақа гувоҳӣ медиҳад.

Ҳ. БУЗУРГ.