Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

 

Аҷаб давру замон омад,бештари зимомадорон, тақводорон,ҷавонону пиронсолон хешро ба дуруғ гуфтану дуруғ бофтан ва қасам хӯрдан одат кунонданд.Дар китоби Калимуллоҳ омадааст,ки« Дуруғ гуфтан торикии имон аст».Агар чунин бошад пас сар дар ҷайби тафакур бояд кард.Умри дуруғ кӯтоҳ аст,ки гуяндаашро дер ё зуд шармандаи  ду олам месозад.Алҳазар аз дуруғу дуруғгуён.Аҷаб он аст,ки онҳое бештар дуруғ мегуянд,ки зимомадори вақт,ҷодагузор,худотарс,ҳаҷкарда,рӯзагир  ва ба тоату ибодат байни мардум хешро нишон медиҳанд.

Магар хатою дуруғашонро худ ҳис намекунанд. Ҳол онки атрофиён кайҳо онҳоро омухтаанд.Дуруғ гуфтанашон як тараф истад қасамхӯриашон ҳайратовар мебошад.Масалан: «Ба номи оллоҳ», «Худо занад», «Ба имонам қассам»,«Ба зану фарзандам қассам» ва ғаираҳо.Магар ҳамин гуна рафтор хоси одами комил аст.Каси намедонистагӣ ба чунин шахсони қассамзадаро як бору ду бор бовар мекунанд вале...  Чунин як касали табобатнашаванда аз мо калонсолон ба толибилми мактабхон низ таъсир кардааст,ки ба андак кор қасамҳое намехӯранд.Қасам ҳурдан ҷой ва макони худро бояд дошта бошад,ки анҷомаш неки орад.Дар китобҳои динию замони воқеи оиди қасаму дуруғ,  ривояту қисаҳои зиёде баҳри тарбияи ахлоқи навиштанд ,ки хондани онҳо аз фойда холи нест. Масалан; «Тавбаи Насуҳ»-ҳо,«Қобуснома»-и У. Кайковус,«Шоҳнома»и,Фирдавси,«Султонома»-и Ҳ.В Кошифи,,«Фазоили аъмол дар ислом»,«Насиҳат-ул-мулук»-и М.Ғазлӣ,« Саргузашти Ҳотами Тай» ва даҳо дигар китобҳо.Дар дидаю мушоҳидаҳо чунин мерасад,ки  кас ба мартабаи ҳоҷигӣ расид мебояд забонро ба гуфтори ҳалимона,даҳонро бо луқмаи ҳалол,гушро бо шунидани суханҳои нарм ва пою дастро дар куҷо монаду гирад донад ,вале афсус.Барои ҳоҷиёни асри ХХ1 шуҳратнамои ,мошини хориҷи,хонаи замонави,зани дуюму сеюм,боғу замин ,,муд ,, шудааст.Қисме аз ҳоҷиёни мо агар ҳаҷномаро мехонданду қисматҳои онро аз бар мекарданд нуран ало нур мешуд.На дигар роҳро танг мекарданд,на замини ҳамсарҳадашро тасаруф мекард,на ҷангу ҷанҷол мебаордошт. Дар одамият бояд чор чиз дарси ҳамарӯза бошад имон дувум адл,савум ҳақгӯю ҳақҷӯй ва чаҳорум сабру таҳамул. Боре дар маъракае бо иншокунандаи сатрҳо мардум  гуфтанд:

- Шумо муаллим имконияти ҳаҷ рафтан доред,ман гуфтам имконият дораму ҳамагӣ си сура медонам бист бист сураи  дигар аз бар кунам баъд,худо хоҳад кушиши зиёрати хонаи Худоро мекунам.Албата гуфтаи ман аксариятро нафорид.Кош ҳоҷиёни мо мисли Қориносир,       Ҳоҷизубайдулло,Ҳоҷиҳайбулохон,Ҳоҷиизатулло, Муллоамиршоҳ,     Мулошамсулло,Муллоасомуддин,Ҳоҷиҳадятулло мешуданд,ки дар ҳар вохӯриашон бо мардум оиди тарбияи ахлоқи,меҳнати,созандагӣ,ватандӯсти ва тарбияи ҷавонони замони воқеи суҳбату маслиҳатҳо мегузаронананд.Имрӯз ҷавонони сустиродаю камсавод ба ташкилотҳои  терористи,экстеримести ва ифротгарои хешро шомил карда,ба номи миллати сарбаланду тамадунофари  тоҷик иснод меоранд,кибадбахти аст.Агар онҳо саводи замонавӣ ва дини медоштанд Модар-Ватани хешро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоштанд ва ҳеҷ гоҳ андешаи шомил шудан ба ташкилотҳои бегона  намекарданд.Ислом ҳеҷ гоҳ касеро ба хунрезию вайронкори ҳидоят намекунад.Вале имрӯз қисми хӯрди ҷавонон,ки хурофотпараст ва фанатик ҳастанд,дар роҳи зиндагӣ хешро гум кардаанд.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбест дар мусулмонии мост. 

   Боре рафиқеро гуфтам:-Чаро ҷавонон ҷиҳод гуфта ба мамлакатҳои бегона рафта (мисли Сурия,Афғонистон ва ғайраҳо) ҷони  ширини хешро аз даст медиҳанд. Ӯ гуфт:

-«Зато шаҳид мешаванд» Магар ҳамин рафтор дуруст аст,ки ҷиҳод гуфта хешро қурбони ҷаҳолат кунад.  Ҳастанд курнамакҳое,ки мисли Ҳоҷи Ҳалим,собиқ муовини  Вазири Мудофиа,Гулмурод Ҳалим собик корманди вазорати умури дохили ва дигар думравонашон ,ба кумаки хоҷагони хориҷиашон мехостанд оромии Тоҷикистони азизро ноором созанд,вале чуноне,ки мегуянд «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад»Чунин бадхоҳонро нону намаки мардуми Ватан курашон мекунад.

 Воқеан ҷиҳод калимаи араби буда ҷаҳд кардан аст,яъне ҷаҳди аз бар кардани дониш,созандагӣ ,неки кардан ба мардуми хеш,ҳунаромӯзи ва охиран ватани хешро  аз душманони ҳамҷивор ҳимоя кардан аст на рафтану дар як мамлакати  бегона хунрезию қатлу ғорат кардан.

  Донишмандони комили олами рӯҳони қатлу ғоратро қотеона маҳкум мекунанд. Агар мо донем,ки мусулмон ктист,муъмин кист,мушрик кист ва ифротию исломгаро кист ҳеҷ гоҳ даст ба корҳои бидъат намезадем,вале афсус…

 Банда солҳои тулони дар соҳаи маориф кору фаъолият кардам надидам,ки касеро барои хондани намоз,доштани рӯза,худошиносӣ ва худопарасти таъкид карда бошанд.Дин дар Тоҷикистони азиз озод аст,ки ҳар кас бидуни дахолат ба давлат метавонад  амал кунад.

  Борҳо  шунидем ва худ мегуем,ки масҷид ҷоӣ тоату ибодат аст на ҷоӣ ғайбат,туҳмат ,айбмони,гуфтори фаҳш ,баланд гап задан нест,вале баъди анҷоми намоз халтаи гапи беҳуда кушода мешавад ана ёбеду гиред.

  Онҳое,ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд,гуфтаҳои дар боло зикршударо бештар мушоҳида мекунанд. Чаро нагуем,ки мардум мегуянд «Ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегираду харбуза аз харбуза».Вақти он расидааст,ки хоҳ омӯзгор бошем хоҳ табиб,хоҳ ҷодагузор ё сардор бошему коргари одӣ манзалати хешро дар ҷомеа нигоҳ дошта тавонем.Агар мо бетарафиро ихтиёр кунем ,то ба куҷо меравем маълум нест.Кор ба ҷое расидааст бачае,ки номи худро бе ғалат навишта наметавонад вожаи бисмллоҳро дуруст хонда наметавонад аз устоди таълимгоҳаш болонишин гаштааст.Ва ҳамин тавр ҳам ба чашм мерасад,ки шогирде,ки  мактабро хатм накардааст на устодашро ва на падарашро  эҳтиром мекунад.Омӯзгорон бошанд ба рафтори ҷодагузорони дар ҷое нахонда  муқовимат карда наметавонанд ва касе оҳоро пуштибони ҳам намекунад.Чунин рафтор ба сари ҷомеаи ҷавонон бадбахти меораду бас. Замоне буд ва ҳаст,ки наврасон,аз устодони дин сабақ мегирифтанд.Ин хато нест,вале хондан дар мактаби миёнаи умумӣ,касби ва олӣ аз фойда холи нест,зеро доштани донишу касбу ҳунар ,барои ояндаи ҳар миллату қавм  зарур аст.Дар тамоми мамлакатҳои исломи ба ғайр аз доштани дониши дини,онҳо касбҳои ҳунариро аз бар мекунанд.Доштани дониш хушбахтии ҳар миллат буд ва мемонад.

                     Қ.Ҷомӣ.