Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ТО ФАЗЛУ ҲУНАР ОИНАПАРДОЗ НАШУД…

Ҳунарманд шахсест, ки бо дастони эъҷозофараш ба ҳаёти инсон тобишу рангорангии дигаре мебахшад. Ҳуснбону Абдуллоева аз ҷумлаи занони ҳунарманде мебошад, ки чандин сол боз бо гулдӯзию рафидадӯзӣ, кӯрпаю болиштакдӯзиҳои худ бори зиндагиро пеш мебарад. «Рафидадӯзию гулдӯзӣ, кӯрпаандозию кӯрпачадӯзиро аз хушдоманкалонам ёд гирифта будам,»-мегӯяд ӯ.

Хушдоманкалони Ҳуснбону момои Барфак ҳунарманди хушсалиқа буд. Ба ҳар касе, ки шавқу рағбати ин корро дошт, хушҳолона  меомӯхт. Он вақт завқи ҳунармандӣ дар дили Ҳуснбону маъво гирифта бошад ҳам,  дар сараш андешаи чӣ гуна таҳсилоти олӣ дарёфтан низ мечархид. Ҳуснбону ба касби табибӣ майлу рағбати беандоза дошт. Ҳангоме ки ӯ духтуронро бо хилъати сафед медид, бо ҳавас ба онҳо менигаристу дар дил орзуи табиб шуданро мепарварид. Дар солҳои барои Тоҷикистон вазнин зиндагии доишҷӯён чандон хуб набуд. Ӯ бо таҳаммулпазирӣ рӯзона мехонду шабона аз хушдоманкалонаш  ҳунар меомӯхт. Касб ва ҳунар дар зиндагӣ барои ӯ сипар шуданд ва оилаи онҳоро аз гуруснагию душвории солҳои ҷанг эмин нигоҳ доштанд.

Ҳунар шабоҳат ба мақоли маъмулии «мисли ҷиҳозест, ки сад рӯз дар анбор асту як рӯз дар кор».

-Беш аз 22 сол омӯзгор будаму 31 сол табиб, аммо боз ҳунар маро кор омад. Гарчанде пайи касби табибӣ ва омӯзгорӣ будаю ифтихорномаву таърифномаҳои зиёде гирифтаам, вале меҳри ҳунарро натавонистам аз қалбам дур кунам, - мегӯяд ӯ. – Агар ба духтараконамон дар овони наврасӣ ҳунар омӯзам, оянда онҳоро ба кор меояд.

Имрӯз Ҳуснбону Абдуллоева бо як ғайрату ҷасорасти мардона пай се касб аст. Дар коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, ки филиали он дар маркази ноҳия фаъолият дорад, ба ҳайси омӯзгори фанни «Асосҳои кори ҳамширавӣ», дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳайси ҳамшираи калон ва дар хона ҳамчун зани ҳунарманди чирадаст кору фаъолият дорад. Бо рафидаҳои ӯ имрӯз занону духтарон нонҳои калону бомазза пухта, гулдӯзию болиштакҳо зеббандаи хонаҳои онҳо мебошанд.

Дар сурат: Ҳусбону Абдуллоева бо намунаи ҳунарҳояш.

Мадина ЗОИРОВА.