ВОКУНИШ
МӮМИН ҲАМЕ МӮМИН КУШАД…
- Подробности
- Опубликовано 13.03.2019 11:10
Имрӯзҳо сари масъалаи терроризм, хусусан терроризми динию мазҳабӣ, ки асоси терроризми бунёдгароро ташкил медиҳад, сухан бисёр меравад. Ба ақидаи бунёдгароҳо гӯё ҳақиқати маҳзро танҳо онҳо медонаду боқӣ ҳама ботилу гумроҳ ва ҳеҷ гоҳ ҳақ нестанд.
Ҳол он ки танҳо як мисол шахсияти террористони бунёдгароро чун оина равшан месозад: магар шахси худкуш сари масъалаҳои динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният мебошад, тассавурот дорад? Агар дошта бошад ҳеҷ гоҳ даст ба чунин амалҳои террористӣ намезанад.
Зеро ҳама гуна динҳо покизагиву парҳезкорӣ аз амалҳои ношоистаро талқин мекунан, ба қавли бузургони олами ислом:
Ислом на фақат савму салот аст,
Илм асту низом асту ҳаёт аст.
Аммо онҳое, ки ба терроризму ифротгароӣ печидаанд, ҳеҷ огоҳӣ ва хабаре аз дину ва инсоният надоранд, ба ин хотир барои ҷомеа хеле хатрафзо маҳсуб ёфта амалҳои анҷом додаи онҳо ба атрофиён ба ҷойи фоида зарар меоранд.
Чи тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, имрӯз ҳамаҷо терроризми динӣ реша давондааст ва он хатарноктарин навъи терроризм маҳсуб меёбад. Зеро онҳо аз номи ислом бар зиди ислом ва зарари он мубориза мебаранд.
Мо даҳшати амали террористонро дар давлатҳои Шарқ ҳамарӯза мушоҳида мекунем. Як нигоҳ кунем ба амсоядавлатҳои Афғонистону Покистон ва дуртар Сурия, Ироқу Лубнон. Ҳатто дар давлатҳои Аврупо низ тез тез даҳшатҳои террористӣ ҷони садҳо инсонҳои бегуноҳро мерабояд. Ва бо ин даҳшатҳои худ онҳо иҷрои ҳадафҳои худро баён медоранд. Афсӯс, ки аксаран ин амалҳои ношоистаи террористӣ аз номи дини мубини ислом амалӣ мешавад, ҳеҷ рабте ба ин дини пок надорад.
Чӣ тавре мегӯянд:
Мӯмин ҳаме мӯмин кушад,
Бо сад усули дин кушад.
Ҳол он ки ислом дини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз иҷрои амалҳои номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медорад, сулҳпарвариро аз рисолати муҳими имонӣ медонад.
Афсӯс, ки айни ҳол гаравидан ба гуруҳҳои террористӣ аз ҷониби сокинони кишвари мо ҳам зиёд ба чашм мерасад. Чи тавре рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд беш аз 1000 нафар ҷавони гумроҳи тоҷик дар сафҳои террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» меҷанганд. Дар аксари амалҳои террористӣ аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ, ки дар кишвари мо фаъолияташ мамнуъ эълон гардидааст, даст доранд
Аз ин хотир ҳар фарди соҳибхиради ҷомеаи Тоҷикистон бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омадаву баҳри якпорчагии кишвар, Ваҳдати миллӣ, баҳри сулҳу субот дасти ба даст бошем.
Тавоноиву пирӯзии мо бар терроризм аз сарҷамъии мост.
Тиллои Соҳиб,
раиси Шӯрои ҷамъиятӣ
оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ
дар таъмини ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия