Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҶОНУ ҶИГАРҲОИ ОЧА

Вақте ман қалам ба даст мегираму дар бораи Модар навиштан мехоҳам, мудом чунин андеша ба сарам меояд, ки магар дар дунёи рӯшан бошад касе, ки Модарро дӯст надораду меҳрашро дар дил ҷо накунад. Агар ин тавр бошад, пас ӯ (фарзанд) нохалаф аст.

Ман аз ниҳоди худ мегӯям, ки меҳри падару модар баробар нест, дӯстдорӣ нисбат ба модар зиёдтар аст. Дар ин бобат он қадар дур не, шаби 22-юми феврал дар барномаи «Оини ватандорӣ»-и шабакаи «Сафина»-и телевизиони тоҷик ҳамдиёри мо устод Ҷӯрабек Муъмин андешаҳои дилнишин баён кард. Муҳаббати фарзанд ба модар аз он ҷиҳат бузург аст, ки, - гуфт ӯ, - фарзанд аз шири гарму поки Модар забон мебарораду оғӯши гарму нарми  Модар дар вуҷуду ҳастии ӯ маъво мегирад…

Модари азизи ман (ба ҳар ниме хоб бошад, равонаш шод бод!) дар синни 75 аз олам гузашт. Падарам аз ӯ 11 сол зиёд умр дид. Мо, фарзандони барҳаёти волидайн то ба ҳол меҳрубонии Модарро аз ёд набаровардаем. Падарам андаке тундмиҷоз буд. Тамкину оромтабиатии Модар «оташи» «ғазаби» ӯро паст мекард. Қиблагоҳ чашми савод дошт, «Ҳафтяк»-ро пурра аз ёд медонист. Модар саводи ибтидоӣ дошта бошад ҳам, барои хонда, маълумоти олӣ гирифтани чор писараш бисёр кӯшишҳо кард. Ва ба мақсад расид. Фарзанди калони хона, бародарам Ҳомид барои давом додани таҳсилот, аз сабаби набудани мактаби миёна, ба Душанбе рафт ва бояд бигӯям, ки дар минтақаи Қалъаидашт яке аз аввалин дипломдорони донишкадаи олӣ буд. Зиндагӣ  вафо  накард ва бародари шоирам дар панҷоҳсолагӣ аз олам гузашт. Он вақт модар барҳаёт буд ва дарду ғами фарзандашро таҳамул накарда, дунёи рӯшанро тарк кард.

Модари  азиз аз он ки ҳар чор писараш омӯзгориро ихтиёр намуданд, хеле шод буд. «Шумо нони ҳалол мехӯред» - мегуфт ӯ.

Ҳар сол, вақте баҳор мерасад, рӯзҳои бемории Модар пеши рӯ меоянд. Ӯ аз дидори ҳафт нафар фарзандонаш хурсанд шуда, табассуми малеҳе мекарду моро «ҷону ҷигарҳои оча» мегуфт. Модар мисли ҳамаи Модарон бо ормонҳо ба хок рафт.

Қурбон ҶОМИЕВ, узви Иттиҳоди рӯзноманигорон