КИШОВАРЗӢ
МАҚСАД - 670 ГЕКТАР БОҒИ НАВ
- Подробности
-
13 Март 2019
- Опубликовано 13.03.2019 10:47
Фасли зебои баҳор аз худ дарак медиҳад. Аз ин хотир масъулияти марди деҳқон, ки бо умед донаи ризқи фардоро мепошад ва боғдор, ки ниҳоли шаҳдборро бо дар назардошти чил –паноҳ соли охир мешинонад, даҳчанд меафзояд.
Дар минтақаи поёни ноҳия, ки баҳор барвақттар оғоз мегардад, корҳои баҳорӣ, яъне шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ қад-қади роҳи мошингард, ҳанӯз аз охири фасли зимистон оғоз гардида буд. Ҳамин аст, ки аллакай дар майдони сад гектар боғ бунёд шуд. Сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, ба номи Дӯстмурод Алиев ва Ҷавонон нисбати дигар ҷамоатҳо аллакай 12-31-гектарӣ боғ бунёд карданд. Ҳамчунин дар ҷамоатҳои мазкур ба қаламчакунии боғҳои пешина ва тоза кардани ҷӯю каналҳо низ машғуланд.
Дар деҳаи Чанорои Ҷамоати деҳоти Ҷавонон дар майдони 5 гектар боғи намунавӣ иборат аз 1,5 гектар гелос, як гектар олуи хушзот ва намудҳои хуштаъми себи зарду сурх шинониданд. Бо шуруъи корҳои баҳорӣ дар минтақаи болои ноҳия майдони боғҳо имсол ба 670 гектар расонида мешавад.
Боғпарварон барои амалӣ гаштани мақсадашон аз ниҳолхонаҳое, ки дар ҳудуди ҷамоатҳо ташкил кардаанд, истифода мебаранд.
Чи тавре аз идораи кишоварзӣ ба мо хабар доданд, кишоварзони Ҷамоатҳои Бӯстон ва Меҳробод аз мусоид омадани обу ҳавои рӯзҳои охир самаранок истифода мебаранд. Техникаи шудгору кишткунандаро ба саҳро бароварда ба кишти баҳорӣ, ки мувофиқи дурнамо бояд ба 3324 гектар расонида шавад, оғоз карданд.
С.ТИЛЛО.