ИФТИХОР
ЧАРОҒИ РӮШАНИ ЁДҲО
- Подробности
- Опубликовано 13.03.2019 10:37
- Автор: Super User
Ин дафъа дар бораи шахсе менависем, ки аз байни мо хеле дур афтода.., хонаи ӯ манзили хамӯшон аст. Аз рафтанаш ду баҳор гузашт. Ӯ баҳори соли 2017 оламро падруд гуфт: 21 апрел ояд, се баҳор мешавад, ки ганҷи рӯзгор намебинаду аз дидори ёру диёр, зану фарзандон, хешу ақрабо маҳрум аст. Афсӯс! Сад афсӯс!
Хурсанд Азимов. Рӯҳаш шод бошад! Хурсанд Азимов рӯзноманигор, хизматчии давлатӣ. Кӯтоҳ ҳамин хел муаррифӣ кардан мумкин. Вале фаъолияти хеле пурсамар дорад, ки ба нафъи халқи диёраш равона шуда буд.
Мову ӯ аз соли 1964 шиносем, аз давраи таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҳини таҳсил ҳарду корманди матбуот будем: ӯ дар газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» мусаҳҳеҳ буду ман дар журнали сиёсии «Коммунисти Тоҷикистон». Мудом вомехӯрдем.
Ман соли 1970, баъди хатми донишгоҳ ба идораи газетаи ноҳияи Файзобод омадаму ӯ соли 1971. Он маҳал «Меҳнати коммунистӣ» ном дошт «Набзи Файзобод»-и имрӯза. Хурсанд дар ин коргоҳи эҷодӣ вазифаҳои ходими адабӣ, мухбир-ташкилотчии радиои маҳаллӣ, мудири шуъбаи маорифу маданият ва котиби масъулро уҳда кард. Ин вазифаҳо дар маҷмӯъ 15 соли фаъолияти ӯро дар бар гирифтанд. Хурсанд ба идораи газета дар 24-солагӣ ворид шуду дар 39-солагӣ ба мансаби котиби ҷамоати шаҳраки Файзобод гузашт, ҳарчанд, чи хеле худаш мегуфт, «хоҳиши рафтан надошт». Фаъолияти ӯ аз идораи эҷодӣ канда шуда бошад ҳам, худро аз дафтару қалам дур нагирифт, ҳатто вақти ҷонишини раиси ҷамоат, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи ноҳия, раиси ҷамоати шаҳраки Файзобод, мудири бахши назорати иҷрои қарорҳои раиси ноҳия буданаш. Ӯ боре навишта буд: «Бо бисёр инсонҳои нек ҳамкорӣ доштам. Аммо муҳаббатам ба идораи рӯзнома, рӯзноманигорон дигару наздиктар аст». Ин ифодаҳо асос доштанд, ба он маънӣ, ки Хурсанд воқеан ширинтарин айёми ҷавониашро дар ҳамин коргоҳи муқаддас – идораи нашрияи ноҳиявӣ гузаронд. Ӯ дар тамоми жанрҳои матбуотӣ, аз хабар сар карда то лавҳаю очерк, қалами эҷод дошт. Хурсанд Азимов китобе ҳам таълиф дод, ки қиссаи воқеӣ ва очеркҳояш дар он ҷо гирифтанд.
Солҳои кори якҷоя дар газета мушоҳида намудаам, ки ҳеҷ кадоме аз кормандон ба дараҷаи ӯ масъулиятнок набуд. Хурсанд ҳамеша сари нуктае, иборае, ҷумлаю ифодае андеша мекард, ба ҳар сатри навиштааш мӯшикофона дида медӯхт, ба андеша мерафт. Рӯзҳои навбатдорӣ ҳар саҳифаи газетаро се-чор бор аз назар мегузаронд, то хатое нагузарад.
Хурсанд Азимов солҳои дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кор карданаш котиби комиссияи ҳавзаи интихоботии Файзобод оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Мушоҳидон нақл мекунанд, ки дар иҷрои ин вазифа чунон эҳтиёткоронаю дақиқ муносибат мекард, ки ҳама дар ҳайрат мемонданд.
Хурсанд Азимов, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон дар остонаи ҳафтод ба олами торик рафт. Лекин чароғи ёди ӯ барои дӯстону ҳамкорони собиқаш – рӯзноманигорони маҳаллӣ – ҳамеша фурӯзон аст.
Ҷӯрабек МУЪМИН.